Тайи чанд соли охир симои шаҳри Ҳисор тағйир ёфта, аз баракати сулҳу ваҳдат, меҳнати созандаи сокинон ва ҳиммати баланди соҳибкорон ҳусну таровати тоза гирифтааст.
Махсусан дар маркази ин шаҳри бостонӣ қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи муосир, гулгаштҳои назаррабо, маркази савдою муассисаҳои хизматрасониро дида, дили кас аз ҳисси ифтихору фараҳ лабрез мешавад.
Дар баробари пешрафту ободӣ дар гузаштаи наздик дар шаҳр баъзе мушкилот низ мавҷуд буданд. Яке аз онҳо бенизомӣ дар атрофи бозори «Самоҳ» буд, ки солҳои зиёд идома дошт. Савдогарони кӯча роҳро банд карда, ба фурӯши меваю сабзавот, чаккаю маҳсулоти дигари хӯрокворӣ машғул мешуданд. Мошинҳои бетартиб дар атрофи бозор гузошташуда боиси тамбашавӣ мегардид. Ворид шудан ба кӯчаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мушкил гардида, хавфи ҳолатҳои садамавиро зиёд мекард. Барои пиёдагардон, махсусан кӯдакони мактабрав, гузаштан аз роҳи сермошин мушкил буд.
Илова бар ин, харидорону савдогарон партовҳоро беибо ба ҷӯй мепартофтанд, ки баъзан боиси банд шудани роҳи об ва ба роҳи мумфарш баромадани сели обу партов мегашт. Кӯшиши масъулон барои ба тартиб овардани вазъ чандон самара надод.
Хушбахтона, чанд муддат мешавад, ки бо амалӣ гардидани корҳои муҳим аз тарафи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Дар муддати кӯтоҳ бенизомӣ рафъ гардид.
Сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор Раҳмон Давлатзода ҷорисозии назму тартибро зери назорати доимӣ гирифта, тавонист, ки фаъолияти муштараки нозирони роҳ, масъулони бозор нозирони минтақавӣ, шаҳрдорию мақомоти ҳифзи муҳити зист, маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳоро ҳамоҳанг созад. Аз ин иқдом сокинону меҳмонони шаҳри Ҳисор истиқбол карда, ба ташаббускорони назму тартиб арзи сипос менамоянд.
- Солҳои зиёд дар маҳаллаи мо мушкилоти ҷамъ намудани партов ҷой дошт. Баъзан сокинони дигар маҳаллаю деҳот партовро ба мошинҳои сабукрав оварда, берун аз ҷойи муқарраршуда мепартофтанд. Иддае аз беназоратӣ партовро дар ҷӯй ҳаво медоданд, ки боиси ифлосии манбаи об мегардид. Имрӯз бошад, дар маҳалла ду партовгоҳи калони бетонӣ сохта шуда, мушкилоти дерина аз байн рафт. Акнун сокинони маҳаллаҳои ба номи Б. Ғафуров ва Юсуфӣ партовҳои маиширо ба ин партовгоҳҳо меоранд,- иброз намуд раиси маҳаллаи ба номи Б. Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Роҳат Қурбонова.
Воқеан, он ҷое ки низому тартибот ҷорӣ бошад, дилгармӣ ба ободкорӣ бештар мешавад. Беҳуда нагуфтаанд:
Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор,
Зиндагию кор мегирад барор.
С. Наҷмиддиниён,
«Садои мардум»