Мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд.
Аз рӯи он як нафар аз Созмони ҳамкории Шанхай, 62 намоянда аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 29 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо тартиби муқарраргардида аккредитатсия шуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супорида мешавад.
Мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он мушоҳидони байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори дахлдор қабул карда, нусхаи онро ба мақомоти марбута ирсол намуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»