Муштарак ва бо ҳисси баланди масъулият

№ 20.06.2024

Асф-т _nСокинони шаҳри Турсунзода тасмим гирифтаанд, то 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом диҳанд.

Дар ин ҷода азму талоши сокинони деҳаҳои «Сангқалъа» ва «Зиёраттут»-и деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода назаррас аст.

Дар деҳаҳои зикршуда мутаносибан ба мумфарш  намудани 1,3 ва 3,3 километр роҳи нақлиёти маҳали зисташон  оғоз намудаанд.

Бар замми ин, тобистони имсол мумфарш кардани роҳҳои дигар деҳаҳо низ дар назар аст.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»