Солҳои охир масъалаи мусодираи амволи ашхоси ҷинояткор, ки тибқи қарори суд татбиқ мегардад, дар сархати баъзе аз расонаҳо қарор гирифта, ба мавзӯи баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Назарҳо гуногун буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксарият аз моҳият ва ҳадафҳои ин намуди ҷазо огоҳии комил надоранд. Боиси нигаронист, ки як зумра «ҳуқуқшиносон» ин чораандеширо муғризона арзёбӣ карда, аҳли ҷомеаро гумроҳ намудан мехоҳанд. Ин «аллома»-ҳо дар баъзе ҳолат дидаву дониста, моҳияти мусодираи амволро таҳриф менамоянду онро моҳиятан «забти рейдерӣ» маънидод кардан мехоҳанд. Суҳбате, ки бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир доир намудем, ба ин масъала бахшида шудааст.
- Одатан аз қарорҳои судӣ ҷиҳати мусодираи амвол аксарият изҳори норозигӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин, баъзе ба ном «ҳуқуқшинос»-ҳо оид ба ин масъала андешаҳои мухолифи қонунгузориро баён менамоянд…
- Дар мавриди яксон набудани андешаҳо бо шумо комилан ҳамфикрам. Аз ин набояд нигарон шуд, зеро дар таҷрибаи судӣ аксар гунаҳгорон ва ё наздикону пайвандонашон, сарфи назар аз исбот шудани гуноҳ, онро эътироф намекунанд ва ин маъмул аст. Дар мавриди ба ном «ҳуқуқшиносон» бояд гуфт, ки ҳеҷ мумкин нест мутахассиси соҳа аз ин муқаррарот ва моҳияти он огоҳӣ надошта бошад. Аз ин бармеояд, ки он нафарон тибқи фармоиши касе «мусиқӣ менавозанд», ки «пулашро пардохт кардааст». Таври мухтасар дар ин маврид метавон гуфт, ки моддаи 57-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолатро ба таври возеҳ нишон додааст. Мувофиқи таъиноти муқарраркарда он мусодираи молу мулк дар асоси ҳукми суд маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтан, ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки маҳкумшуда мебошад.
- Оё мусодираи молу мулк намуди нави ҷазо аст ?
- Воқеан ҳам, баъзеҳо андеша доранд, ки ин намуди ҷазо ихтирои ҳуқуқшиносони муосир аст. Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки мусодираи молу мулк ҳамчун ҷазо аз давраҳои қадим мувофиқи меъёрҳои шариат низ вуҷуд дошт. Он замон молу мулки шахси ҷинояткор мусодира ва ба хазинаи дарбор зам карда мешуд. Чунин тарзи ҷазо дар Юнону Рими қадим низ роиҷ буд, вале дар муқоиса бо ҷаҳони муосир ба таври густурда ва бо шартҳои вазнинтар аз он истифода мекарданд. Бо тақозои замон баъзан татбиқашро маҳкум, доираи амалашро маҳдуд менамуданд, сипас боз онро васеъ истифода мебурданду мебаранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар давраҳои гуногун шакли мусодираи молу мулк дар мурофиаи ҷиноятӣ иваз шудааст. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Кодекси ҷиноятӣ фақат мусодираи пурраи молу мулки маҳкумшударо пешбинӣ мекард. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) низ мусодираи молу мулки шахси ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин содиркарда бо мақсади ғаразнок содиркарда пешбинӣ шуда буд.
- Зимни омӯзиши масъала огоҳ шудам, ки дар давлатҳои мутараққӣ аксар маврид танҳо молу мулке мусодира мешавад, ки барои содир намудани ҷиноят истифода ё бо ин роҳ ба даст оварда шудааст. Яъне, ба мусодираи тамоми молу мулки маҳкумшуда роҳ дода намешавад…
- Шумо ба ҷанбаи муҳими ин масъала дахл кардед. Шояд баъзеҳо надонанд, ки чанд сол қабл мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ин самт ибтикори қобили мулоҳиза ва арзанда намуд. Яъне, таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар ин самт ба назар гирифта, ба қонунгузории мо низ дар робита ба мусодираи амвол тағйироти ҷузъӣ дохил гардид. Акнун дар Кодекси ҷиноятӣ мусодираи молу мулк танҳо нисбат ба молу мулке, ки ба ҷинояти содиркарда вобаста аст, татбиқ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки аз соли 1989 дар ҷаҳон Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) амал мекунад. Ин ташкилоти байналмилалӣ мебошад, ки бо коркарди стандартҳои ҷаҳонии муқовимат бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм машғул мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви гурӯҳи мазкур мебошад ва тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тавсияҳои ниҳоди номбурда, ба пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ равона шудааст. Тибқи тағйиру иловаҳо ба ин кодекс 24 моддаи дигар илова шуд. Ҷиноятҳои ба моддаҳои 184 (ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатораи роҳи оҳан), 1842 (кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ), 244-250 (дуздӣ, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ), 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст), 257 (тасарруфи воситаи фондҳои кумаки хориҷӣ), 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 274 (бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион), 275 (истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ), 284 (бастани аҳди ғайриқонунии бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид), 291-293 (саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо), 320 (додани пора), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 340-3401 (сохтакорӣ), 356 (таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ), 402 (ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта) алоқаманд аз ҳамин ҷумлаанд.
- Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва ё даромадҳо аз ин молу мулк, ба молу мулки ба таври қонунӣ мавҷудбуда ҳамроҳ шуда бошад, чӣ мешавад?
- Тибқи талаботи моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ он қисмате мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ бошад. Молу мулке, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси онро қабулнамуда донад ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.
- Фарз кардем, агар ашёи муайян фурӯхта шуда ё бо сабаби дигар мусодираи он ғайриимкон бошад, суд чӣ тасмим мегирад?
- Дар ин ҳолат суд дар бораи мусодираи маблағе, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд. Ҳангоми баррасии масъалаи мусодираи молу мулк дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонида ҳал карда шавад. Дар ҳолате ки шахси гунаҳгор ба ғайр аз молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастоварда дигар моликият надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонида аз арзиши молу мулки мусодирашаванда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад.
- Мусодираи молу мулк чӣ гуна сурат мегирад?
- Мусодираи молу мулки маҳкумшуда дар асоси ҳукми суд амалӣ мешавад. Суд баъди ҳукм баровардан, дар ҳолати мавҷуд будани далелҳои қонунӣ, метавонад мусодираи молу мулкро низ ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд. Суд бояд дар ҳукм нишон диҳад, ки кадом қисми молу мулки маҳкумшуда бояд таҳти мусодира қарор дода шавад. Дар давоми таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ молу мулки айбдоршаванда ба рӯйхат гирифта, нигоҳ дошта мешавад.
- Татбиқи ҳукми суд дар робита ба ин масъала аз ҷониби кадом сохтор бояд амалӣ гардад?
- Баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм суд варақаи иҷроро барои иҷрои ҳукм ба иҷрочиёни суд равон мекунад ва мақоми молияи дахлдорро огоҳ месозад. Иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи молу мулк аз ҷониби судиҷрочиёни маҳали воқеъшавии молу мулк амалӣ карда мешавад. Бо гирифтани варақаи иҷро иҷрочии суд ҳамон лаҳза мавҷудияти молу мулки дар рӯйхат қайдшудаи маҳкумшударо месанҷад.
- Агар чунин рӯйхат мавҷуд набошад чӣ?
- Дар ин ҳолат иҷрочии суд барои муқаррар кардани молу мулки маҳкумшуда амалиёти қонунӣ мегузаронад, рӯйхати онҳоро тартиб медиҳад ва барои нигоҳ доштанашон чораҳои зарурӣ меандешад. Ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ, ширкату ҷамъиятҳо ва ғайра низ ба рӯйхат дохил карда мешаванд. Шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки моликияти маҳкумшуда ба онҳо алоқаманд аст, уҳдадоранд дар ин хусус ба суд ё иҷрочии суд хабар диҳанд. Шахсоне, ки молу мулки ба рӯйхат гирифтаро барои нигоҳдорӣ қабул кардаанд, барои гум шудани онҳо ҷавобгаранд.
- Аз ин бармеояд, ки андешаи дар мусодираи молу мулк дигар сохторҳо низ иштирок карда метавонанд ва ё ширкат кардаанд, аз ҳақиқат дур аст?
- Бале! Ин ҳуқуқи истисноии иҷрочии суд буда, мувофиқи таъиноти муқарраркардашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он молу мулк ва маблағҳое ба рӯйхат гирифта, мусодира карда мешаванд, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят ба даст оварда шудаанд, предмети қочоқ, олот ё воситаи содир кардани ҷиноят буданд ё барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, молу мулки бо роҳи қонунӣ бадастомада, ҳисса ё саҳми аъзои оилаи маҳкумшуда мусодира карда намешавад.
- Истифодаи минбаъдаи молу мулки мусодирашуда чӣ гуна сурат мегирад?
- Молу мулки мусодирашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти молиявӣ супурда мешавад.
- Дар ҷараёни суҳбат аз такмили Кодекси ҷиноятӣ ва илова гардидани 24 моддаи нав ёдовар шудед. Барои мисол, дар моддаҳои 291- 293, 320 ва 356 ҷазо барои саркашӣ кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо дар ҳаҷми калон ва махсусан калон, додани пора, таҳдид ва амалҳои зӯрӣ нисбат ба судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда, пристави суд, иҷрочии суд, адвокат, коршинос, тарҷумон, кормандони мақомоти андозу гумрук ва наздикони онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ муқаррар шудааст. Саволе ба миён меояд, ки ин муқаррарот аз кадом омилҳо маншаъ гирифтааст?
- Воқеан ҳам, дар моддаҳои 291-293 мусодираи амвол барои саркашӣ кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ба миқдори калон ва махсусан калон пешбинӣ шудааст. Моҳиятан, шахсони чунин ҷиноятҳоро содиркарда даромади ғайриқонунӣ ба даст меоранд, аз ин сабаб ба мақсад мувофиқ аст, агар ин даромад ошкор ва ба фоидаи давлат мусодира карда шавад.
Мусодираи молу мулки шахси порадиҳанда (моддаи 320) аз як тараф, нисбат ба маблағи пора ҳамчун воситаи содир кардани ҷиноят истифода шавад, аз тарафи дигар, вобаста ба маблағ ва дигар молу мулки ба ин тариқ бадастомада амалӣ мегардад. Табиист, ки пешниҳоди пора бо мақсади ноил шудан ба ҳадафе, ки дар заминаи қонунӣ ғайримкон аст, сурат мегирад. Аз ин рӯ, татбиқи ҷазо нисбат ба ин қабил ашхос муҳим аст.
Дар робита ба таҳдид ва амалҳои зӯрӣ нисбат ба судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда, пристави суд, иҷрочии суд, адвокат, коршинос, тарҷумон, кормандони мақомоти андозу гумрук ва наздикони онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ бояд гуфт, ки ин омил ба фаъолияти муътадили онҳо халал мерасонад ва барои ҷомеа низ хавфи калон дорад. Аз ин ҷост, ки бо пешбинӣ намудани мусодираи молу мулк ҳангоми содир шудани ҷиноят, дар моддаи 356 Кодекси ҷиноятӣ қонунгузор барои фаъолияти бехатар, муназзам ва пурмаҳсули онҳо шароит фароҳам овардааст.
Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»