2 майи соли равон дар толори меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» (ш. Душанбе) муаррифии лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтаќавӣ» баргузор шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз тарафи ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратӣ оид ба дастгирии ВАО — Интернюс амалӣ мегардад. Ҳадафи лоиҳа фаъолсозии ташаббусҳоест, ки ба устувории сулҳу субот дар минтаќа мусоидат менамоянд.
- Расидан ба ин ҳадаф тавассути васеъ намудани имкониятҳои рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва мутахассисони воситаҳои ахбор имконпазир хоҳад шуд, ба шарте ки матолиби босифати расонаӣ омода гардида, сатҳи интиќодии ќабул ва бархӯрд ба чунин матолиб миёни шаҳрвандон, масъулини давлатӣ ва фаъолони ҷомеа баланд бардошта шавад,-изҳор намуд директори лоиҳа Фарҳод Раҳматов ва ҳозиронро бо маќсад, вазифа ва имкониятҳои нави лоиҳа ошно намуд.
Дар ҳамоиш намояндагони институтҳои давлатӣ, созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, коршиносони маъруфи соҳаи ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳмонон аз кишварҳои иштирокчии лоиҳа ширкат доштанд.
Н. Низомӣ,
«Садои мардум»