Нигаронӣ

Мутахассисон тарки кор мекунанд. Агентӣ чӣ чора меандешад?

№49 (4789) 19.04.2024

Таи панҷ моҳи охир аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд 1000 нафар аз кор рафтаанд, ки бештари онҳо ҷавонони соҳибмаълумот буданд. 

Сабаби тарки кор карданро онҳо кам будани музди меҳнат арзёбӣ мекунанд.

- Ҳамагӣ 500-600 сомонӣ маош чӣ мешавад,- мегӯяд мутахассиси соҳа Абдуллоҷон Солиеви 72-сола.

- Бо назардошти вазъи баамаломада бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нархи ҳаққи хизматрасониро як баробар баланд бардошта, барои ҳар мукааб/метр об 5 дирам муқаррар карда шуд, — гуфт директори Агентии беҳдош­ти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи миробҳои вилояти Суғд.

Табиист, ки истифодабарандагони об аз қиматшавии нархи хизматрасонӣ норозигӣ карданд. Як халта нурии минералиро ба нархи 500-600 сомонӣ мехаранд, аммо як мавсим обро истифода карда ҳамин миқдор маблағро пардохт кардан намехоҳанд.

Аксари деҳқонони мо аз ислоҳоти соҳаи обрасонӣ бехабар даъво мекунанд, ки «об дар Тоҷикистон бепул асту чаро мо онро мехарем?». Ҳол он ки баъд аз ислоҳоти соҳа об ройгон, аммо хизматрасонӣ, яъне тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳо расонидани он пулакӣ аст. Ин ислоҳот бо мақсади пӯшонидани хароҷоти музди меҳнат ва тармиму навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва агрегатҳо ҷорӣ шудааст.

Сабаби дигари тарки кор кардани мутахассисони соҳа он аст, ки бар асари пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ маъмурият наметавонад музди меҳнати ночизро сари вақт пардохт кунад.

- Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ қарз аз музди меҳнат 1 млн. 668,8 ҳазор сомониро ташкил дода, бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ қарзи кредитории соҳа ба 95,6 млн. сомонӣ расид, — гуфт муовини сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.

Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилоят бинобар аз кор рафтани мутахассисон аз норасоии кадр танқисӣ мекашанд. Дар баъзе пойгоҳҳои обкашӣ ба ҷойи 18 мутахассис 5 ё 6 нафар кор мекунанду халос. Дар калонтарин пойгоҳи таъмиру тармими агрегатҳои обрасони ноҳияи Б. Ғафуров, ки замони шуравӣ то 650 нафар кор мекарданд, имрӯз ҳамагӣ 10-15 таъмиргар фаъолият доранду халос.

Биноан, аз ҷониби агентӣ ба идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд, иҷозат дода шуд, ки музди меҳнати мутахассисон, хоса ҷавонон, аз ҳисоби ҳаққи обрасонӣ баланд бардошта шавад.

Табиист, ки иҷрои дастури агентӣ аз пардохти ҳаққи обрасонии истифодабарандагони об вобаста аст, зеро қарзи истифодабарандагони оби вилояти Суғд соли гузашта ба 74, 1 млн. сомонӣ расид.

Иттилоъ гирифтем, ки аз ин пас пардохти маблағи обрасонӣ тариқи биллингӣ сурат хоҳад гирифт.

- Пардохти биллингӣ, бешак, ба фоидаи кор аст, лекин ин усули хизматрасонӣ аз шабакаи Интернет вобастагӣ дорад. Барои мисол, дар ноҳияи Мастчоҳ сифати дастрасӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, — гуфт сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ Искандар Азизов.

Чанд мироб аз мушкилоти дигар нигаронӣ карданд. Бино ба гуфти онҳо, тариқи биллингӣ (ғайринақдӣ) пардохт кардани хизматрасонӣ гузаштани тендерро талаб мекунад. Барои гузаронидани ин амалиёт муддати муайян зарур аст. Дар ҳолати сари вақт об надодан маҳсули меҳнати марди деҳқон барбод меравад. Дар ин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

Ҳолати мазкур аз масъулини соҳа посухҳои мушаххас ва тадбирандешиҳои фавриро талаб менамояд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»