Сафҳае аз таърих

Муждаи соҳибистиқлолиро бори нахуст радио ба мардум расонд

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

improved_photo (1)Он лаҳзаро хуб дар хотир дорам, зеро корманди Радиои Тоҷикистон будам ва шоҳиди таҳаввулоти таърихие мешудем, ки бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ба амал меомад. Оғози солҳои 90-уми асри гузашта, аслан барои халқи Тоҷикистон ғайриодиву мушкил буд. Ҳодисаҳои баҳманмоҳ, интихоботу гирдиҳамоиҳои  дурударозу  пурғавғо мардумро парешонҳолу озурда карданд. Ҳарчанд Давлати Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, аммо марказгурезии  ҷумҳуриҳо дар шакли гуногун авҷ мегирифтанд. Хусусан, баъди соҳибистиқлол ва аз Иттиҳоди Шӯравӣ берун шудани ҷумҳуриҳои назди Балтик, дар дигар манотиқи мамлакат вазъият тағйир ёфт. Сухани марказ таъсиру неруи қаблиро надошт. Дигар ҷумҳуриҳо низ бо навбат истиқлолият эълом медоштанд. Ана, дар ҳамон вазъият, рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ — моҳи сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуд.

Мо — кормандони ҳамонвақтаи сарредаксияи барномаҳои иттилоотии «Ахбор» аввалин шуда аз бисёр рӯйдодҳо огоҳ мешудем ва ба самъи мардум мерасондем. Вақте Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз ёфт, аз бахши хабарӣ ҳамкорамон Ҷовиди Аштӣ (Ӯлмаси Одил) ҳамчун хабарнигори парламентӣ дар он иштирок дошт ва ҳама интизори хабарҳои тозаи ӯ будем. Баъд аз нисфирӯзии 9 сентябр Ҷовид, дар ҳолате, ки ҳаяҷон ӯро фаро гирифта буд, вориди идора шуд ва муждаи истиқлолро расонд. Ва бо хоҳиши мо вай, ки ҳоло ба сифати хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд фаъолият дорад, он лаҳзаҳоро чунин баён кард:

«Дар рӯзи дуюми ҷараёни Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, шанбе, 9-уми сентябри соли 1991 вакилон дар баробари вазъияти шаҳри Душанбе ва гирдиҳамоиҳо, ба баррасии изҳороти Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карданд. Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов изҳоротро қироат кард ва баъди суханронии чанд нафар вакил, роҷеъ ба масъала қарор қабул шуда, 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд. Баробари дар кори иҷлосия эълон шудани танаффуси нисфирӯзӣ, тахминан соати 1235 дақиқа камина ба сӯи хонаи Радио давидам, то ин ки хабарро дар барномаи «Ахбор»-и соати 1300 ба аҳолии мамлакат расонем. Вақте ба хонаи Радио расидам, соат 12-у 45 шуд. Аз тез роҳгардиву ҳаяҷон нафас дар гулӯям мепечид. Рост ба дафтари кории сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» Раҳматшоҳ Додихудоев ворид шудам ва мақсадро баён доштам. Ӯ фавран бо директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон Мансур Султонов дар тамос шуд».

Ҳамин тариқ, роҳбарият ба қароре омаданд, ки Ҷовид мустақиман иттилоъро ба аҳли ҷомеа расонад. Ақрабаки соат ба 1300 наздик мешуд ва Ҷовид, бе ягон навиштаҷот, шитобон ба поён, ба студияи овоз давид. То оғози барнома чанд сония монда буд.

- Ровии радио Ашӯр Ашӯров навбатдор буду аз мақсади ман огоҳ шуд ва ҳамроҳ вориди студия гаштем. Ҳаяҷони сахт маро фаро гирифта буд, — мегӯяд Ӯлмас. — Ровӣ ба ман ишора кард, ки худро ба даст гираму ором бошам ва бо пахши мусиқии сархати «Ахбор», эълон кард: «Шунавандагони гиромӣ, имрӯз Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон корро идома бахшид ва ҳоло шарҳи мухтасарро аз ҷараёни баргузории он аз хабарнигори парлумониамон Ҷовиди Аштӣ шунавед.». Бо вуҷуди он ки ҳаяҷонам меафзуд, худро ба даст гирифта, ба микрофон наздик шудам. «Ҳамватанони азиз! Имрӯз дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз шуд. 9-уми сентябри 1991 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон — Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол эълон гардид…» Ҳамин тавр, ҷараёни кори то нисфирӯзии Иҷлосияи таърихиро мухтасар шарҳ додам.

Баъди анҷоми барнома Ҷовид бо рухсораи суп-сурх ва бадани арақшор ба ҳуҷраи корӣ ворид шуд ва ҷамъе аз ҳамкорон ҳамдигарро табрик кардем. Он айёми ҷавонӣ буд ва аз он лаҳзаҳои таърихӣ 29 сол сипарӣ гардид. Хушбахтона, Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз ободтару зеботар мешавад. 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»