Густариши ҳамкориҳои минтақавӣ

Нақш ва аҳамияти Созмон рӯз ба рӯз меафзояд

№89-92 (3235-3238) 06.08.2014

шос

Рӯзҳои 30-31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Йи, Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Х.Комилов, Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Б.Абдилдаев, Ҷумҳурии Тоҷикистон С.М.Аслов, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон А.А.Мусинов, инчунин Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Д.Ф.Мезентсев ва роҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн иштирок доштанд.

Дар тӯли мавҷудияти худ СҲШ ба омили муҳими равобит ва созмони байналмилалии босуръат рушдёбанда табдил гашта, худро ҳамчун яке аз василаҳои самаранок, ояндадор, муҳим ва зарурии ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки ба таҳкими фазои эътимоднокӣ ва пешгӯйишаванда, ҳамҷавории нек, дарёфти роҳҳои созандаи ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд, муаррифӣ намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои муассиси СҲШ мебошад ва ба рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи ин иттиҳодия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Шомил шудани Тоҷикистон ба СҲШ имкониятҳои навро дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фароҳам овард.

Мақоми олии Созмони Ҳамкории Шанхай Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2013 то  моҳи сентябри соли 2014, яъне то ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати раёсаткунанда дар СҲШ мебошад, ки соли раёсати худро дар ин Созмон таҳти шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ,  ҳамшукуфоӣ» татбиқ менамояд.

Мақсади асосӣ ва калидии худро Тоҷикистон ба сифати кишвари раёсаткунанда дар Созмон, пеш аз ҳама, дар пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар доираи СҲШ муайян кардааст.

Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзо оид ба масоили гуногуни фаъолияти Созмон, ҷаласаи 24-уми Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзо, вохӯрии 9-уми котибони амнияти давлатҳои аъзои СҲШ, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақавӣ: мушкилот ва дурнамо», машварати роҳбарони мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки ваколати мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро доранд, ҷаласаи роҳбарони Хадамоти марзии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гаштанд.

Аз натиҷаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Котиби генералии СҲШ Дмитрий  Мезентсев гузориш доданд. Зикр шуд, ки дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи мувофиқаҳои аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар рафти Саммити Бишкек 13 сентябри соли 2013  ҳосилшуда, дар фазои дӯстона ва созанда муҳокима гардиданд. Ҳамзамон ҷонибҳо масоили омодагиҳо ба Саммити қарибулвуқӯи СҲШ-ро, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Давлатҳои аъзои СҲШ тақрибан дар робита ба тамоми масъалаҳои рӯзнома назари муштарак ва мавқеи ба ҳам наздик доштанд. Вобаста ба натиҷаҳои гуфтушунидҳо ва инкишофи пайвастаи СҲШ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷонибдории хешро роҷеъ ба идомаи кор дар роҳи таҳкими зарфияти Созмон баён доштанд. Ҳамчунин дар робита ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ, табодули назар сурат гирифт.

Роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои такомули ҳамкориҳои мутақобилаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони муколама бо ин Созмонро ба таври муфассал муҳокима намуданд.

Масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризму таҳдидҳои фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд. Фаъолсозии ҳамкориҳои амалии мутақобиларо бо давлатҳои нозири СҲШ дар чаҳорчӯбаи Созмон роҷеъ ба ин масъалаҳо муҳим мешуморанд.

Бо ҷонибдорӣ аз ташаккули Афғонистон ба сифати кишвари соҳибистиқлол, осоишта, бетараф ва шукуфо, аз нақши марказии ҳамоҳангсозандаи СММ дар саъю талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзо «Оид ба лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» маъқул дониста шуд, ки он дурнамои самтҳои ҳамкории мутақобилаи давлатҳои аъзоро муайян намуда, самарабахшии иҷрои вазифаҳоеро, ки дар назди Созмон қарор доранд, таъмин мекунад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазифаҳои нави Созмон бояд ба коҳиш додани таъсири равандҳои манфии байналмилалӣ ва минтақавӣ равона карда шаванд. Иҷрои муваффақонаи ин вазифаҳо нақш ва аҳамияти Созмонро дар ҷаҳон боло хоҳад бурд ва таъсиргузории онро ба корҳои байналмилалӣ тақвият хоҳад бахшид.

Иштирокчиён густариши муносибатҳои шарикиро байни СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳо, Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Маркази минтақавии иттилоотиву ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муҳим арзёбӣ намуданд.

Вежагии вохӯрии навбатӣ дар он аст, ки кор дар самти ҳамоҳангсозӣ ва омода кардани санадҳои ҳуқуқӣ оид ба қабули аъзои нав амалан ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Роҳбарони ҳайатҳо лоиҳаҳои Тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ ва Ёддошти тафоҳуми намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади дарёфти мақоми давлати узви СҲШ-ро дар таҳрири нав маъқул донистанд.

Қабули ин санадҳо дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ҷиҳати тавсеаи ҳудуди ҷуғрофии СҲШ мусоидат намуда, дар навбати худ ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар минтақа ба таври самарабахш таъсиргузор хоҳад буд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳокимашуда баёния қабул карда шуд. Ҷаласаи навбатӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми чун анъана ба муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ хос баргузор гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»