Даъвати баҳории ҳарбӣ - 2021

Нақша дар ҷумҳурӣ тайи 5 рӯз 45 дарсад иҷро шуд

№43 (4305) 06.04.2021

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» таҳти №141 аз 10 марти соли 2021 ба имзо расида, аз якуми апрели соли равон сафарбарнамоии ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид. Хурсандиовар аст, ки дар рӯзи аввали он нақшаи муайянгардида аз ҷониби ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат иҷро шуда, дар маҷмӯъ, 45 фоизи нақшаи умумиро ташкил дод.

Дар бораи пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ёдгор Файзов зимни чорабинии тантанавӣ, ки дуюми апрели соли равон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ доир шуд, маълумот дод.

- Маҳз бо дастуру пешниҳод ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконият дар ҷузъу томҳои низомии мамлакат тақвият ёфта, ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мароқи бештар зоҳир намуданд, — зикр кард ӯ.

Барои наваскарон, волидони онҳо ва ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»

 

даъват 2Ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон низ нақшаи даъватро дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ иҷро карданд.

Ба ин муносибат якуми апрели соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Бохтар маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, ба наваскарон барору комёбӣ хост ва ҳамчун рамзи қадршиносӣ туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»

 

Ҳамчунин, ҷамъомади тантанавӣ ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин доир шуд, ки дар он раиси ноҳия Почохон Зарифзода, муовинони раис ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро 107 фоиз иҷро намуд.

- Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст, — гуфт зимни баромад раиси ноҳия ва афзуд, ки ҷавонони ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддини Шоҳин, дар баробари ҳамсолон аз дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, хизмат ба Ватанро қарзи фарзандӣ дониста, барои ҳифзу нигаҳдории марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд.

Баҳри болидарӯҳии ҷавонон аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарӣ пешкаш гардида, ба ҳар як даъватшуда сарулибос тақдим гардид. Инчунин, ба 11 ҷавоне, ки курси семоҳаи ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» хатм карданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»

 

Ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод низ нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.

Ба ин муносибат якуми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» чорабинӣ доир гардид. Наваскаронро раисони ноҳияҳои зикршуда, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидон ва собиқадорону фаъолон бо дуои нек ба хизмати Модар — Ватан гусел карданд.

Диловари Мирзо,

 «Садои мардум»

 

DSC00957Шаҳри Ваҳдат низ дар рӯзи аввали сафарбарӣ нақшаи даъвати баҳории хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро 102 фоиз иҷро кард, ки аз садоқат ба Ватан ва далериву мардонагии ҷавонони он далолат мекунад.

Бо ин мақсад якуми апрели соли равон дар қисми ҳарбии 16772-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри зикршуда, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳр, раисони шаҳраку деҳот, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, шуъбаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», падару модарон ва дигар шахсони обрӯманди шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд.

Зимни он раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмон­алӣ Амирзода ва сардори ситоди генералӣ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода наваскаронро барои роҳ ёфтан ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан таманниёти нек намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои судманд меандешад, ки сол аз сол зиёд гардидани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

Инчунин, бо мақсади ҳавасманд гардонидани наваскарон ба беш аз 30 нафар, ки қаблан курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим карда шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»