Дар ноҳияи Спитамен нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар даҳрӯзаи аввал иҷро гардид.
Комиссари ҳарбии ноҳия подполковник Расулҷон Абдуллозода гуфт, ки ҷавонони мо хизмат ба Ватан-Модарро ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ хуб дарк кардаанд. Аз ин ҷост, ки аксарият ба комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шуданд.
- Онҳо хуб фаҳмидаанд, ки имрӯз дар қисмҳои ҳарбии мамлакат шароити хизмат, имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ хеле беҳ гардидааст, — гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен Пирмуҳаммад Пирзода.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»