Нақшаҳо амалӣ мегарданд

№ 01.07.2024

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт, то имрӯз 836 гектар ғалладона, 299 зиротаи техникӣ, 154 сабзавот ва 1029 гектар картошка кишт шуда, 17 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Аҳолии ноҳия низ нақшаи кишти тамоми навъи маҳсулоти кишоварзиро дар заминҳои наздиҳавлигиашон иҷро намуданд.

Кишоварзони ноҳия ба номусоид омадани боду  ҳавои имсола нигоҳ накарда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок истифода бурдани замин ва афзун гардонидани маҳсулоти бозори истеъмолии мамлакат дастҷамъона саъю талош доранд.

Ҳоло дар ноҳия барои деҳқонон тамоми имконият, аз ҷумла захираи тухми картошка ва нуриҳои минералӣ фароҳам буда, техникањо барои шудгор кардани заминҳо сафарбар гардидаанд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»