Ҳафтаи сеюм аст, ки дар мамлакат даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ идома дорад. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъват дар мамлакат 50 дарсад иҷро шуда, 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даҳ рӯзи аввал нақшаи даъват 55 дарсад иҷро шудааст.То имрӯз ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод нақшаи пешбинишударо 100 дарсад иҷро кардаанд.
Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 62 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят то ин дам ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод ва Носири Хусрав аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон гузориш доданд. Ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд — 36 ва дар шаҳри Душанбе 30 дарсадро ташкил медиҳад.
Айни замон даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи баланд идома дошта, сафарбаркунӣ муташаккилона идома дорад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»