Даъвати ҳарбии тирамоҳӣ – 2022

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ иҷро шуд

№ 11.11.2022

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро кард.  

Солҳои охир ҷавонони ноҳия ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ омада, ба хидмати ҳарбӣ раҳсипор мешаванд. Ноҳия дар панҷ соли охир дар миёни 18 шаҳру навоҳии вилоят яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин менамояд.

Роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони ватандӯсту волидони онҳо ва масъулоне, ки дар таъмини нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ саҳм гузоштанд, изҳори сипос кард.

Тибқи иттилои масъулин, то ин дам шаҳри Бӯстон ва як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят низ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро сарбаландона иҷро кардаанд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»