1 — уми октябри соли 2023 дар ҳудуди Комендатураи сарҳадии қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Фархор гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини баору номуси Ватан арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии мамлакат барои муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар гардида, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Гуфта шуд, ки дар баробари дигар ҷавонони даъватшуда, ҳамчунин, фарзандони кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дигар корхонаю низ ташкилотҳо ихтиёрӣ ба Комиссарияти ҳарбии ноҳия омада, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд.
- Барзиёд иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар рӯзи аввали даъват аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони ноҳияи Фархор ҳифзи марзу буми Ватанро қарзи фарзандии худ дониста, ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо мегузоранд, — гуфт раиси ноҳия Зариф Назирӣ.
Дар ин чорабинӣ ба ҳар нафар даъватшуда сару либос, пояфзол тақдим карда, ба 102 нафар ҷавоне, ки то имрӯз курси семоҳаи ронандагиро ба итмом расонидаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Ҳамин тавр, ноҳияи Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро сад фоиз иҷро намуд.
Дар идомаи чорабинӣ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои ватандӯстӣ пешкаши ҷавонон гардонида шуд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»