Занону бонувони кишвар масрур аз онанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлатамон ба онҳо эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ва суханронии Ҷаноби Олӣ дар ҷамъомади тантанавӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар (6 марти соли 2015) бори дигар исботи худро ёфт.
Ҳини дар шаҳри Исфара дар сафари хизматӣ будан бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Гавҳар Ҳамроева суҳбате доир намудем.
- Нахуст дар бобати вазъи кору зиндагии занону бонувони шаҳри Исфара чанд сухан гӯед?
- Имрӯз мо — занони накутолеи Тоҷикистони азиз сипосгузор ҳастем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба неру, азму талош ва садоқату масъулияти занони тоҷик эътимоди комил доранд, заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ баҳри таҳкими мавқеи занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар муҳайё гашта, сиёсати мутавозини гендерӣ тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол аз 246 599 нафар аҳолии шаҳри Исфара 122 147 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки яке аз бахшҳои асосии он ба масъалаи занону оила бахшида шуда буд, бозгӯйи иродаи сиёсии роҳбарияти мамлакат оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеаи навини мо аст.
Боиси қаноатмандист, ки дар шаҳру деҳоти Исфара шумораи занон дар корҳои роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ зиёд шуда истодааст. Ҳоло аз ҳисоби занон як нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, чор нафар вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Исфара ва 55 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳо интихоб шудаанд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 167 нафар хизматчиёни давлатӣ 60 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамасола ба туфайли ғамхорӣ ва тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 — 16 нафар духтарони деҳоти мо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд, ки ин омили муҳим барои соҳибмаълумот намудани духтарони болаёқат мусоидат менамояд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара баҳри амалӣ гардонидани нақша - чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, баҳри муқовимат ба кӯшишҳои ворид намудани ғояҳои барои ҷомеаи мо бегона, зуҳуроти номатлуб, инчунин даъвати мардум ба корҳои созанда ва бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини шукуфоии диёр, ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ, тарғиби дастовардҳои кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Исфара 250 Шӯрои занон ташкил карда шудаанд, ки бештар аз 4500 нафар фаъолзанонро дар бар гирифтааст.
Якҷоя бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара ҷиҳати ташкили курсҳо барои занону духтарон, ҷавонон минбаъд бо ҷалби наврасон ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, духтарону ҷавонони бекор, мусоидат дар омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ва аз худ намудани барномаҳои компютерӣ барои ташаккули маънавиёт ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии духтарону ҷавонони деҳот кумак мерасонад.
- Пештар дар байни бонувону занони шаҳри Исфара, хусусан бобати тақлиди ноҷо ба либоспӯшии ғайримиллӣ камбудию норасоиҳои зиёде ба чашм мерасид. Мушоҳида кардем, ки ин падида бамаротиб коҳиш ёфтааст. Сабаб дар чист ?
- Падидаи ногувору номатлубе, ки дар ҷомеа мавриди баҳсу мунозираҳо қарор дорад, ин тарзи либоспӯшии занону духтарони мо аст. Бинобар ин, мо бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Д. А. Зоҳидзода дар ин ҷода низ корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотиро байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону духтарон ташкил кардем. Шукр, ки ҳодисаҳои ба бар кардани либосҳои сиёҳу сатри бегона байни занону духтарон бамаротиб кам гардид. Мо бояд дар оянда ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавони миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намоему ба донишандӯзии фарзандон эътибори бештар диҳем, зеро инсони босаводу бомаърифат ҳеҷ вақт русуми хешро бо суннатҳои бегонагон иваз нахоҳад кард. Маърифатнокии аъзои оила, иродаи қавии зану шавҳар дар самти ҳалли мушкилиҳо, рӯҳафтода нашудан дар назди ноомадиҳои рӯзгор ва якдигарро дастгирӣ намудани онҳо дар мушкилтарин лаҳзаҳои рӯзгор омили муҳими пойдорию устувории оила мебошад. Аз таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон ба бахши кор бо занон ва оила бармеояд, ки айни замон мушкилоти иҷтимоие чун риоя нагардидани баробарҳуқуқии зану мард, дахолати ноҷои волидайн ба ҳаёти шахсии навхонадорон, никоҳҳои барвақтӣ ва хешутаборӣ, ба ҳаёти мустақилона ва мушкилоти зиндагӣ омода набудани навхонадорон, ба муҳлати тӯлонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардон, дар баъзе аз оилаҳо мавҷуд будани зуҳуроти хушунату зӯроварӣ нисбати занон, даст ба худкушӣ задани занону мардон, ба хотири дарёфти сарчашмаҳои даромади осону муфт ба корҳо ва амалҳои ношоиста рӯ овардани аъзои оилаҳо, зери таъсири гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро мондани аҳли баъзе аз хонаводаҳо ва монанди ин вуҷуд дорад.
Мутобиқи маълумотномаи бахши САҲШ дар шаҳр 2419 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷом дода шуд, ки ин нисбат ба се моҳи соли 2014-ум 243 адад кам мебошад.
Вазъи дигаре, ки боиси нигаронии мост, ин даст ба ҷиноят задани занону духтарон мебошад. Тибқи маълумоти шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар панҷ моҳи соли равон аз тарафи 13 нафар занон содир намудани ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст.
- Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо бонувон ба муносибати Рӯзи Модар фармуданд, ки «Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад». Дар робита ба ин Шумо чӣ корҳоро ба анҷом расонидед?
- Ба шарофати иқдоми неки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон шуд ва ин тадбир аз ҷониби ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла занону бонувон гарму ҷӯшон истиқбол гардид. Мо дар доираи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлатамон тадбиру чорабиниҳои зиёдеро доир менамоем. 29 январи соли равон, яъне пас аз ироа шудани Паёми навбатии Сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси шаҳри Исфара Д. А. Зоҳидзода бо фаъолзанони шаҳру деҳоти Исфара дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, пойдории оила, пешгирии ҷиноятсодиркунии ноболиғон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, террористиву ифротгаро, вайроншавии оилаҳо, барҳам додани раванди никоҳҳои барвақтиву хешутаборӣ ва худкушӣ равона намуда, аз масъулин талаб намуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкилу баргузор намудани тадбирҳои муассирро ба роҳ монанд.
- Солҳои охир баъзе созмонҳое пайдо шудаанд, ки аз вазъи иқтисодӣ ва ҳолати заифи мусалмонон суиистифода намуда, байни мусалмонон ҳар гуна гурӯҳ ва ниҳодҳои динӣ ташкил карданд, ки хушунат ва ифротгаройии онҳо ба касе пӯшида нест. Баъзе аз ин гурӯҳҳо ҷавонони содаи мусалмонро бо ғояҳои ифротиву тахрибкорӣ барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои нопоки худ истифода мебаранд. Пӯшида нест, ки чунин ҳодисаҳо дар шаҳру деҳоти Исфара низ ҷой доранд…
- Сад афсӯс, ки чунин зуҳуроти номатлуб байни ҷавонони мо низ ҷой доранд. Оёту аҳодиси набавиро бо фикрҳои шахсии худ ташреҳ додани чунин тахрибкорон, ба назари мо, хилофи дини ислом аст. Ин созмонҳои ғайрирасмию ифротгаро ба ҷавонон талқин менамоянд, ки дин чунин иқдомотро ташвиқ мекунад ва зери ниқоби ислом бо чунин шеваҳои маккорона ҷавононро ба доми фиреб меандозанд. Ҳадафи аслии ифротгароён, сарфи назар аз дину мазҳаб, талош баҳри беоромию ноамнии ҳар ҷомеа ё давлат аст.
Ҳар вақте ки бо занон вомехӯрам, таъкид менамоям, ки модарони азиз, мо бояд фарзандони хешро, ки фардои миллати мо дар дасти онҳост, дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки фарзандони мо фирефтаи тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои тундрави алоҳида шуда, гирифтори доми найрангу фиреби эшон гарданд.
Итминони комил дорем, ки бо дастгирӣ ва ҳамдастии занони шаҳру деҳоти Исфара метавонем ҳама гуна зуҳуроти номатлубро аз байн барем ва пешгирӣ намоем.
- Ояндаи занони тоҷикро чӣ гуна мебинед?
-Имрӯз зани тоҷик дар фазои ободу созанда кору зиндагӣ дорад. Тамоми шароит барои таҳсилу ҳунаромӯзӣ фароҳам омадааст. Зани тоҷик имрӯз мустақилу озод аст. Донишу ҳунар занро зебо, комёбу саодатманд мегардонад. Аз ин нуқтаи назар муътақидам, ки ояндаи занони тоҷик дурахшон аст.
Мусоҳибон Шариф Атобуллоев, Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»