дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар инъикос ёфтаанд. Дар боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии инсон ва шаҳрванд таври возеҳу равшан муайян шудаанд. Дар маҷмӯъ, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намоянд, дар чорабиниҳои хусусияти сиёсидошта ширкат варзанд ва ба ҳизбу созмонҳои сиёсӣ шомил шаванд. Аз ин рӯ, яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандон ин ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб карданро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсиро эътироф намуда, қонунгузории худро оид ба интихобот дар заминаи онҳо такмил додааст. Аз ин рӯ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба арзишҳои демократии байналмилалӣ ва стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ пурра мувофиқ аст.
Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар Тоҷикистон зарурати аз нав таҳия ва қабули қонунҳо оид ба интихобот ба миён омад, зеро қисми 5-уми моддаи 27-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Бо мақсади таҳкими ин меъёр ва такмили низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 декабри соли 1999 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009 қабул карда шудаанд. Дар ҳамин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994 баъд аз амалишавии ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон соли 1999 ба қонуни конститутсионӣ тағйири ном кард.
Бори аввал соли 1999 бо мақсади татбиқ ва амалисозии муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, бо дарназардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Аввалин маротиба дар мамлакат низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории кишвар пешбинӣ гардид. Нахустин бор дар таърихи парламентаризми кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Баъдан, идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати танзими ҳуқуқии дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тақозо намуданд, ки меъёрҳои Конститутсия бори дигар такмил дода шаванд.
Бо ҳамин мақсад соли 2003 маротибаи дуюм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид шуданд. Тавассути ин тағйиру иловаҳо низоми интихоботии кишвар низ такмил ёфта, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд, ки «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Дар ҳақиқат, раъйпурсӣ ва интихобот шаклҳои бевоситаи зоҳиршавии ҳокимияти халқ мебошанд. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ дар замони муосир маҳз тавассути ҳамин ду тарз — интихобот ва раъйпурсӣ мақсаду маром ва нақши худро дар идоракунии давлат амалӣ мекунад.
Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 мазмуну муҳтавои моддаи 14- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил дода шуд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 65 ва 69- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, принсипҳои интихобот, талаботеро, ки нисбат ба номзади Президент пешниҳод мешаванд, инчунин муҳлати ваколату салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ҳангоми татбиқи меъёрҳои нави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳои соли 2003 бори аввал ба Конститутсия бахши нав, яъне «муқаррароти интиқолӣ» илова карда шуд. Муқаррароти интиқолӣ тартиби эътибори қонунӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид кардашуда, амали қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки то ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд ва тартиби нигоҳ доштани ваколати судяҳое, ки то ворид кардани ин тағйиру иловаҳо таъин шудаанд, муайяну мушаххас менамояд.
Тавре маълум аст, 1 марти соли 2015 дар ҷумҳурӣ интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, вакилони ҷамоатҳо ва 27 марти соли 2015 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интихоботи парламенти касбӣ дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси алтернативӣ гузаштанд, ки ин, бешубҳа, аз рушди низоми демократикунонии ҷомеа, гуногунандешӣ ва шаффофияти интихобот шаҳодат медиҳад.
Оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентии соли 2015 Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо як қатор тавсияҳо пешниҳод намудааст, ки онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки 14 марти соли 2014 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки дар он қисме аз тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентии соли 2010 ба назар гирифта шуданд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар Тавсияҳои САҲА бандҳое низ ҷой доранд, ки онҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ алоқаманд буда, омӯзиши дақиқ ва ҳамаҷонибаро талаб мекунанд.
Дар маҷмӯъ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва салоҳиятҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқарраршуда, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод ва демократӣ баргузор намудани маъракаҳои интихоботӣ чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд.
Абдуманон ДОДОЗОДА, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон