Ҳиссаи прокуратура чун мақоми назоратӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт ва ақибгоҳ хеле зиёд аст. Бояд гуфт, ки бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз санаи 2-юми ноябри соли 1942 таҳти №40 «Дар бораи ташкили комиссиюни фавқулода оид ба муайян намудану тафтиш бурдани ҳаракатҳои ваҳшиёнаи фашистони немиси яғмогар ва ҳамтоёни онҳо, муайян намудани зарари расонидаи онҳо ба шаҳрвандон, колхозҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои ИҶШС» комиссияи махсуси давлатӣ ташкил ёфта буд. Комиссияи мазкур дар исбот намудани ваҳшонияти фашистон нисбати халқи шӯравӣ нақши ҳалкунандаро бозидааст.
Ба хотири он ки коргарон ва хизматчиёни нақлиёти роҳи оҳан чун ашхоси ба артиш сафарбаршуда эълон гардида буданд, масъулияти ҷавобгарии ҷиноятии онҳо бо хизматчиёни Артиши Сурх баробар карда шуд. Дар ин асос фармони якҷоя қабулнамудаи прокурори ИҶШС ва Комиссари адлияи ИҶШС низ бо дарназардошти вазъи ҷанг ва қонунҳои замони ҷангӣ қатъӣ буд. Масалан, барои худсарона ғайб задан ва бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудани коргари роҳи оҳан беш аз ду соат дар ҷойи кор бо моддаи 137 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд. Кормандони прокуратура дар маҳалҳои ҷангӣ ва озодшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои ҷиноятии урдуҳои хунхори фашистӣ, қатли сартосарии одамон, кушторҳои даҳшатноки онҳоро тафтиш карда, ба суд ирсол менамуданд.
Масалан, моҳи марти соли 1942 Руденко Роман Андреевич ба вазифаи муовини прокурори ҶШС Украина таъин гашта, аз моҳи августи ҳамон сол гурӯҳи махсуси фаврӣ — оперативиро зери роҳбарӣ гирифт. Аъзои ин гурӯҳ ба минтақаҳои озодшудаи Украина ҳамроҳи қӯшунҳои Артиши Шӯравӣ дохил шуда, ҳазорон ҳолати террор, куштор ва дигар ҷиноятҳои ваҳшиёнаи фашистонро ошкор ва парвандаҳои ҷиноятиро тафтиш намуданд. Соли 1944 дар синни 37-солагӣ ӯ прокурори Украина таъин гашт. Чун айбдоркунандаи давлатӣ вобаста ба ҷиноятҳои фашистон дар сарзамини Украина ӯ худро прокурори босавод, нотиқи хуб нишон дода тавонист. Ҳукумати Шӯравӣ ва роҳбарияти Прокуратураи ИҶШС ӯро ба вазифаи хеле ҳам пурмасъули айбдоркунандаи асосии давлатӣ аз номи ИҶШС ба мурофиаи Суди байналмилалӣ бар зидди роҳбарони фашистӣ ба Нюрнберг равон намуд.
Мавсуф санаи 30-юми июни соли 1953 Прокурори генералии ИҶШС таъин мегардад ва муддати 28 сол, то вафоташ — 23-юми январи соли 1981, ин мақомро роҳбарӣ менамояд.
Натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони прокуратураи шӯравӣ дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ буд, ки бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 19-уми марти соли 1945 зиёда аз 711 нафар кормандони прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ шуданд. Маҳз иҷрои бе чуну чарои қонунҳои замони баъдиҷангӣ ба барқароршавии хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд.
Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон низ чун як ҷузъи таркибии мақомоти Прокуратураи ИҶШС дар давраи вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барқароркунии хоҷагии халқи мамлакат дар таъмини иҷрои қонунҳои замони ҷанг ва давраи баъдиҷангӣ хизмати босазо анҷом додааст.
Бисёр кормандони прокуратураи тоҷик ихтиёран ба фронт рафта, дар ҷабҳаҳо барои озодии Ватан ҷангида, қисме дар мақомоти прокуратураҳои ҳарбии минтақаҳои даргири ҷанг вазифаҳои пуршарафи прокурорӣ ва муфаттиширо бо камоли кордонӣ ба иҷро расонидаанд. Нақши онҳо дар таҳкими қонуният бисёр арзанда аст.
Варқаи ЗАЙНИДДИН, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон