Нақши рӯзноманигорон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ

№ 13.06.2017

Зери ин унвон 9  июни соли ҷорӣ, бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки рӯзноманигорони собиқадор ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар ҳамоиш баргузор гардид.

Директори Академия Зинатулло Исмоилзода  қайд кард, ки барои ба даст омадани Ваҳдати миллӣ нафарони ватандӯст ҷоннисориҳои зиёд кардаанд: «Дар раванди ба ваҳдату ягонагӣ расидани миллати тоҷик ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо нақши рӯзноманигорон низ назаррас аст. Аз ҷумла барномаҳои таҳиянамудаи кормандони «Радиои Тоҷикистон» он замон пуле миёни мардуми гуреза бо Ватан буд».
Журналистони тоҷик Шералӣ Мустафоқулов, Сурайёи Шуҷоат, Сафаралӣ Нозимов ва коргардони собиқадор Баҳром Сайфиддинов,  аз моҳияти барномаҳои маъруфи радиоиву телевизионии «Хоки Ватан», «Во ғариб» ва «Аз блокноти журналист» ва нақши онҳо дар истиқрори сулҳ қисса намуданд.
Дар поёни ҷамъомад рӯзноманигорони зикршуда ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»