Тибқи эъломияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, 5 апрел Рӯзи байналмилалии ахлоқ эълон шудааст. Ба ин муносибат рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Оҷонсии иттилоотии «Дунё»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақолаи котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норовро ба табъ расониданд.
СММ бо таъсиси Рӯзи байналмилалии ахлоқ ёдрас менамояд, ки ҳама санади байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар заминаи принсипҳои асосии ахлоқӣ тартиб дода шудаанд. Барои расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар сайёра танҳо созишномаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ кифоят намекунанд, — менависад Владимир Норов.
Ба гуфти ӯ, фарҳанги сулҳ мафҳуми васеъ ва бисёрнақша мебошад. Вай хоҳиши аҳли ҷомеаро барои хотима бахшидан ба ҷангу зӯроварӣ баён намуда, зарурати иваз намудани онҳо ба таҳаммулпазирию хайрхоҳиро дар зеҳни мардум ҷой медиҳад.
Владимир Норов нигоштааст, ки кишварҳои аъзои СҲШ ҷонибдори рушди гуфтугӯи байни тамаддунҳо, мустаҳкамсозии робитаҳо дар самти таълиму тарбия, ҳамкориҳои илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ — гуманитарӣ буда, ҳамсоядории нек ва робитаҳои дӯстонаро дар фазои СҲШ хоҳонанд.
Бино ба қавли котиби генералии СҲШ, тайи 20 соли сипаришуда, дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, сиёсати ҷавонон ва таҳким бахшидани гуфтугӯи байни тамаддунҳо, ки заминаи мустаҳкам барои равнақёбии принсипҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба шумор мераванд, кори зиёдро анҷом додааст. Оянда низ кишварҳои аъзои СҲШ ин принсипҳоро тавассути идома додани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳамсоядории нек, риояи эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо тақвият хоҳанд бахшид.
Фароҳамсоз С. АМИНИЁН,
«Садои мардум»