Конфронси илмӣ-амалӣ

«Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе»

№35 (4775) 18.03.2024

431499312_876279314509993_934372069435318104_n15-уми марти соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи ­пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», 22 март «Рӯзи ҷаҳонии об» ва соли 2024 «Соли маърифати экологӣ», инчунин, идомаи ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим, дар толори «Болрум» — и меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ»-и Душанбе Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» баргузор гардид.

Дар оғоз иштирокчиён аз намоиши аксҳое, ки таҷассумкунандаи паҳлуҳои алоҳидаи ҳифзи пиряхҳо мебошанд, дидан карданд.

Баъдан, дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Сулаймон Зиёзода суханронӣ намуда, аз иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва дигарон суханронӣ намуданд.

Дар кори конфронс намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори омма, иштирок намуданд.

Дар конфронс роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзуъҳои «Душанбе — шаҳри сабз», «Потенсиали манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди сабз», «Рафти амалишавии қатъномаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйир­ёбии иқлим ва нақши старатегии онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист», «Ташаббусҳои оби Тоҷикистон — заминаи мусоид барои таҳқиқотҳои илмӣ», «Тоҷикистон — пешоҳанги масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, оид ба самтҳои умдаи ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббуси сабз маълумот доданд.

Дар хотимаи чорабинӣ байни иштирокдорони конфронс атрофи масъалаҳои мубрами ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист ва нақши шаҳрҳо дар роҳандозии ибтикороти сабз, хусусан таҷрибаи шаҳри Душанбе дар ин самт, муколамаи суд­манду самарабор сурат гирифт.

www.dushanbe.tj