Мо — кормандони собиқадори корхонаи «Швейместпром-№2», баъдан ҶСШК «Ҳусноро» ва ҳоло ҶДММ «Тоҷ»-и шаҳри Конибодом муддати зиёд аст, ки гӯиё бо сабабҳои гуногун фаъолият накардани коргоҳ аз ҷойи кор маҳрум мондаем. Бо вуҷуди ин, аз кор сабукдӯш нагаштаем ва дафтарчаи меҳнатиамон ба мо баргардонда нашудааст. Дар рухсатиҳои бемузд, бо умеди он ки рӯзе коргоҳ ба фаъолият шурӯъ менамояду моро бозпас ба кор даъват мекунанд, қарор дорем.
Ҳангоми фаъолият дар ин ҷо бинобар манзили зист надоштанамон коргоҳ боғчаи бачагонаеро ҷудо карда буд, ки аз соли 1997 то ба имрӯз дар он дар асоси шартномаи иҷора ва қайди зист бо аҳли оилаҳоямон истиқомат карда истодаем.
Чанде пеш ба мо маълум гардид, ки бинои боғчаро ҶДММ «Тоҷ» ба шаҳрванд Мансур Ахмедов бе огоҳонидани мо фурӯхтааст ва дар Идораи нотариалии шаҳри Конибодом таҳти феҳрасти 4Ш-358 аз 13 майи соли 2015 шартномаи хариду фурӯш баста, барои дар замини боғча бунёд намудани бинои 1-2 ошёна иҷозат дода шудааст.
Фурӯшанда — раиси коргоҳ Бобоҷонов ва харидор М. Ахмедов муддати бист сол дар бинои боғча истиқомат доштани оилаҳои моро медонистанд, яъне дидаву дониста ба ин кор даст задаанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои моро оид ба манзил дағалона поймол намудаанд.
Соҳиби ҳозираи иншооти мазкур – М. Ахмедов ба Суди шаҳри Конибодом оид ба кӯчонидани мо бе додани дигар манзили истиқоматӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, бо ваҷҳҳои беасос ва бардурӯғ, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ судро бовар кунонид, ки гӯё мо-якчанд оила бо кӯдакони хурдсоламон дар ин бино ғайриқонунӣ истиқомат кардаем. Ҳамин тариқ, бо қарори Суди шаҳри Конибодом аз 29 марти соли 2016, қарори Коллегияи Суди вилояти Суғд оид ба парвандаҳои гражданӣ, аз 24 майи соли 2016, мо аз манзилҳоямон берун карда шудем. Аз ин хусус ба суди вилоятӣ, Раёсати суди вилоятӣ, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Конибодом ва ғайра муроҷиат намудем, лекин муроҷиати мо ягон натиҷа набахшид.
Рӯзи иҷрои санади судӣ — 29 июли соли 2016 бошад, як ҳодисаи нанговар рух дод. Яке аз сокинони бино ба худ маводи оташангез пошида, хост, ки оташ занад. Судиҷрочии Суди шаҳри Конибодом ин ҳодисаро на танҳо нодида гирифт, балки ба рух додани он кумак расонд. Дар натиҷа, ин шахс ба шуъбаи эҳёкунии Беморхонаи марказии ноҳиявӣ бистарӣ карда шуд. Мо ин ҳолатро ба навор гирифтем ва дар вақти зарурӣ пешниҳод менамоем.
Барои мо хеле аламовар аст, ки қонун на дар ҳама ҷо ва на барои ҳама якхела татбиқ мешавад. Чаро садои дардомези мардумро, ки ғайриқонунӣ аз манзилҳояшон кӯчонидаанд, ягон мақомот намешунавад ва ҳифз намекунад? Ба кӣ лозиманд қонунҳое, ки дар рӯи коғаз мемонанд?
То ин замон бовар доштем, ки дар мақомоти дахлдор арзу шикояти моро мешунаванд ва кумак мерасонанд. Ҳоло намедонем ба куҷо равем. Дигар манзили зист надорем. Умед доштем, ки коргоҳ мувофиқи қонун рӯзе моро бо манзил таъмин мекунад ва мо дар кӯча намемонем, вале афсӯс… дар кӯча мондем. Дигар ҷойи муроҷиат мекардагӣ намонд.
Рӯзномаи «Садои мардум» охирин умеди мост.
Саодат Ахмедова,
Исфандиёр Эминҷонов,
Матлуба Мирҷамолова,
Мунаввар Бобоҷонова,
Марҳабо Каримова,
ҷамъ 30 нафар сокинони кӯчаи Айнӣ,
№260-и шаҳри Конибодом