Табиист, ки агар шакку шубҳа дар фаъолияти ин ё он ҳизбу ҳаракат, шахс ва гурӯҳи алоҳида вобаста бо маҷмӯи қонуну қавоиди муайяннамудаи давлат пайдо гардад, ҳатман мақомоти салоҳиятдору муваззаф ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва иқдомоти пешгирикунанда аз оқибатҳои ногувор меандешанд. Чунин шакли муносибат танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар тамоми кишварҳои олам риоя ва истифода мегардад. Муносибати қонунии мақомот ба масъала, албатта, аз ҷониби баъзе неруҳои сиёсӣ, хусусан аз тарафи наҳзатиҳо бо ғашу нозу эътирози зиёде қабул мегардад ва ҳар куҷо аз бобати «таъқиб»-у «фишор» ва ғайра бечоранолӣ мекунанд.
Вале ҳақиқат ҳамеша ҷойи худро мегирад. Пешвоёни наҳзати имрӯза барои фиреби назарҳо ҷелаки бобоиро бо галстуку костюм иваз намудаанд ва ҳамеша аз озодию демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар арзишҳои мутааллиқи сохти дунявӣ ҳарф мезананд. Аммо ҳамин ки лаҳзаи муносиб фаро расид, мақсади асосӣ ва нақшаҳои фардояшонро ҳатман ба забон меоранд. Масалан, онҳо ҳамеша аз «Ихвонулмуслимин» пуштибонӣ мекарданд ва худро як бахши ҳаракат медонистанд.
Дуюми июли соли 2014 Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати виртуалиаш бо хонандагону аъзои гурӯҳи «Платформа» дар Фейсбук ба суоли яке аз онҳо ҷавоб дода, боз ҳам тасдиқ кард, ки: «Ҳоло ҳам ман аз ихвониҳо пуштибонӣ мекунам ва он чӣ мегузарад нисбати онҳо зулм аст. Имкон надорад, ки бештар аз нисфи мисриҳо террористонро ҷонибдор бошанд. Ба терроризм муттаҳам кардани ихвониҳо таҳқири як миллат аст».
Чаро пешвои наҳзат ин ҳаракатро сафед карданӣ мешавад ва онро аз терроризм дур нишон доданист? Тавре дар мақоли русӣ омадааст: «Себ аз дарахташ дур намеафтад». Даст доштани пайравони ҲНИТ низ дар амалиётҳои террористӣ мисли ихвониҳо борҳо ошкор шуда буд. Ин ҷо замони даргириҳои шаҳрвандиро канор мегузорем, ширкати наҳзатиҳоро дар амалҳои террористии давраи осоишта дар Ғарм, Хоруғ, Хуҷанд ва Исфара ҳама дар хотир доранд. Ду-се ҳафта нагузаштааст, ки дар бораи иштироки наҳзатиҳои тоҷик дар ҷангҳои мазҳабӣ ба муқобили ҳукумати қонунии Сурия хабарҳои расмӣ нашр шуданд. Роҳбарони ҲНИТ боз ҳам онро таъқибу фишор номиданд. Акнун чӣ мегуфта бошанд?
Комил Шукуров, сокини ҷавони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, бегоҳии 4-уми июл тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар эълон кард, ки узви ҲНИТ мебошад ва ӯро бо фиреби таҳсил ба Сурия бурда, дар он ҷо барои «ҷиҳод» ва куштори мардум талқину ташвиқ карданд. Номбурда изҳор дошт, ки ӯро дигар узви ҲНИТ Сайфиддин Файзуллоев ба Сурия бурдааст. Шукуров, вақте мефаҳмад, ки ӯро фиреб додаанд, ба Ватан бармегардад ва худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад.
Ин дафъа наҳзатиҳо хомӯшу лол монданд, зеро роҳбари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳом Ёқубов узви ҳизб будани Комил Шукуровро тасдиқ кард. Тавре аз суҳбати Шукуров бармеояд, мисли ӯ ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик имрӯз дар Сурия кам нестанд. Аксарияти онҳо бо ҲНИТ алоқамандӣ дошта, аз тариқи Федератсияи Россия ба хоки ин кишвар бурда мешаванд.
Ҳодисаи мазкур бояд таваҷҷуҳи мақомоти салоҳиятдорро ба фаъолияти ҲНИТ бештар ҷалб созад. Ҳамин ҳодисаҳо басандаанд, ки сабаби ба ҳизб додани унвони исломиро пай бурд. Ин унвон танҳо ба як хотир аст-гӯл задани мардум, хусусан ҷавонон ва ба худ ҷалб кардани онҳо. То ҷое наҳзат тавонистааст, ки дар ин самт комёб ҳам гардад. Дар сафҳои он имрӯз аслан ҷавонҳои дар макотибу таълимгоҳҳои олӣ дарснадида ва занону духтарони хонанишин гирд оварда шудаанд. Занону духтарон барои нишон додани теъдоди ҳизб заруранду ҷавонон барои истифода дар чунин амалҳое, ки Комил Шукуров сафарбар шуда буд. Ва тавре дар боло зикр гардид, ин бори аввал нест.
Муслими Зиёратулло