Боиси нигаронӣ ва ташвиши ҷиддист, ки танҳо дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар оби дарёву кӯлу наҳрҳои калони вилояти Хатлон 23 нафар ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Аз ҳама ташвишовар он аст, ки танҳо дар 19 рӯзи аввали моҳи июл шумораи дар об ғарқшудагон 12 нафарро ташкил медиҳад.
Сабабу омилҳои ғарқшавии ҷавонон гуногун аст. Маълум, ки иқлими гарму тоқатфарсои Вахшонзамин хоҳу нохоҳ ҷавонони наврасро ба соҳили дарёву кӯлу наҳрҳои калон, ки аксар чуқуру шӯхобанд, меорад. Махсусан, ҳарорати имсола, ки дар баъзе минтақаҳо то 47-48 дараҷа расида буд, хоҳу нохоҳ боиси он мегардид, ки ҷавонону наврасон ба оббозӣ бештар майл намоянд. Чун аксарашон дар ин бора таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд бо маҳорату чолокӣ дар дарёву наҳрҳои шӯхоб машғули оббозӣ шаванд. Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво гарму тафсон аст, аксари ҳодисаҳои ғарқшавию талафоти ҷонӣ низ дар ҳамин минтақа рух додаанд. Лозим омад, бо мақсади пайдо намудани ҷасади ғарқшудагон аз ҷониби шахсони масъул дар моҳи гарми Рамазон якчанд маротиба маҷрои оби каналу наҳрҳои калон муваққатан баста шавад. Аз ҷумла дар канали тезоби магистралии Ҷӯйбор, ки аз маркази шаҳр мегузарад, соли равон чандин ҳодисаи ғарқшавӣ рух дод.
Аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят иттилоъ доданд, ки беш аз 50 фоизи ғарқшудагон онҳое мебошанд, ки аз минтақаҳои кӯҳистон ба ин водӣ барои меҳмонӣ омада, ба иқлими гарм тоб наоварда, худро ба об задаанд. Чун маҳорату ҳунари шиноварӣ надоштанд, ҷони худро аз даст доданд. Сарфи назар аз камии воҳиди кории ғаввосон кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон баробари воқиф шудан аз чунин ҳодисаҳои нохуш пайи наҷоти ғарқшудагон мегарданд.
Дар вилоят, ки қариб се миллион нафар аҳолӣ дорад, мавҷуд будани ҳамагӣ шаш воҳиди кории ғаввоси наҷотдиҳанда ба андешаи мо хеле кам аст. Барои он ки ҷавонону наврасон дар рӯзҳои гармо камтар ба соҳили дарёву наҳрҳои шӯхоб раванд, лозим аст барояшон ҷойҳои махсуси оббозӣ фароҳам оварда шавад. Мутаассифона, дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин ҷойҳои махсус, аз қабили ҳавзҳои шиноварии дорои шароитҳои зарурӣ ва кӯлҳо вуҷуд надорад. Чунончӣ, дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа то ҳанӯз ҳавзҳои шиноварии доимоамалкунанда мавҷуд нест. Ду ҳавзи мавсимии хурди ҳудуди шаҳр наметавонад талаботи рӯзафзуни ҷавонону наврасону кӯдаконро дар рӯзҳои гарм қонеъ гардонад.
Дар хотир дорам, ки замони шӯравӣ шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Бохтар кӯли зебое дошт бо номи «Комсомол» ва ҳамасола рӯзи 9 май маросими тантанавии оғози давраи тобистонаи оббозӣ бо иштироки масъулини ҳукумати вақт доир мегардид. Дар назди ин кӯл баробари муҳайё гардидани шароитҳои зарурии оббозӣ, инчунин гурӯҳи махсуси ғаввосони наҷотдиҳанда амал мекард. Онҳо бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буданду сари чанд вақт такмили маҳорат мекарданд. Ҳамчунин дар назди ин кӯл барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон ҷойҳои махсус муҳайё буданд. Касе дар ёд надорад, ки дар оби ин кӯл нафаре ҷон бохта бошад. Мутаассифона, бесарусомониҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кӯл низ таъсири худро гузошт. Имрӯз шаҳре, ки беш аз 100 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва дар ноҳияҳои атрофи он низ даҳҳо ҳазор нафари дигар зиндагӣ мекунанд, аз чунин макони муносиби оббозӣ маҳрум аст.
Вақтҳои охир дар бораи аз ҷониби баъзе соҳибкорон бунёд намудани ҳавзҳои шиноварию аквапаркҳо сухан бисёр асту мутаассифона, аҳолӣ натиҷаи онро дида наметавонанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятро лозим меояд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва бо истифода аз сарчашмаҳои дигар ҷойҳои махсуси оббозиро бунёд намоянд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»