Набзи дили матлуботчиён

№ 14.06.2016

tochikmatlubot_78921«Набзи Тоҷикматлубот» — нашрияи Иттифоқи Тоҷикматлубот 10-сола шуд. Шумораи нахустини он моҳи майи соли 2006 бо ташаббуси собиқ раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ба табъ расида буд.

Ин нашрия моҳе ду маротиба чоп мешавад ва то ин дам 239 шуморааш ба дасти хонандагон расидааст. Аз соли 2007 сардабирии ин рӯзномаро журналисти варзида Ҳабибулло Ёров ба уҳда дорад. Ӯ рӯзноманигорони хушқаламро ба нашрия ҷалб намуда, «Набзи Тоҷикматлубот»-ро ба яке аз беҳтарин рӯзномаҳои соҳавӣ табдил дод. Дар рӯзнома дар баробари инъикоси фаъолияти матлуботчиёни кишвар, инчунин мақолаҳои проблемавӣ, панду ахлоқӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, пешниҳодоти ҷолиб ва тавсияҳои муфид ба табъ мерасад.

Алҳол нашрия бо теъдоди 3500 нусха чоп мешавад ва ба воситаи идораҳои зертобеи КВД «Почтаи тоҷик» ба дасти хонандагон мерасад.

 

С.Сайфиддин,

«Садои мардум»