Нафрин бар он мароме, ки хиёнат бошад

№85 (3386) 23.06.2015

Дар ин шабу рӯз ҳар як фарди ҳушманду ватанпарвари кишвари азизамон зери бори нангину сангине қарор дошта, заҳри хиёнати ҳамватани беору беномусеро, ки фирефтаи дасисаи душманон гардида, ба чоҳи зулмат афтидааст, мечашанд. Симои манфури ӯ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳувайдо шуда, боиси паст шудани шаъну эътибори миллату Ватани маҳбубамон мегардад. Ба ҳамватан гуфтани ӯ забонам намегардад, зеро хиёнаткор беватан аст. Магар Ватане, ки дар оғӯши гарми худ   як фарди разилро парварда, ба камол расонида, вазифаи масъулиятнокеро бар уҳдаи ӯ гузоштааст, сазовори чунин хиёнат буда метавонад?

Ахиран, амали нангини роҳбари яке аз ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ҷомеаи ҷаҳониро такон дода, сари садҳо нафар фарзандони баруманди кишвари маҳбубамонро хам кард. Нафаре, ки  муҳофизати тартиботи ҷомеаро ба ӯ бовар кардаанд ва аз рӯи вазифаи хеш дорои рутбаи баланди полковник шудааст, якбора аз худ манфуртарин сифати қобили сарзанишро нишон дода, аз баҳри волидайн ва оилаву хешу табор гузашта, ҷониби Сурия равон шудааст. Ин аст подоши он таълиму тарбияе, ки давлат дар сатҳи баланд ба як ношукрбандаи ватанбезор додааст?

Хиёнат худ амали зишт аст, вале бадтарин хиёнат ин хиёнат ба Ватан ва арзишҳои миллист. Воқеан, Ҳалимов на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дину имон низ хиёнат кард, зеро агар инсон як маротиба хиёнатпеша гардад, аз ӯ хиёнати навбатиро интизор шудан мумкин аст.

Намедонам чунин хиёнатро иштибоҳ номам ё гуноҳ, ҷиноят номам ва ё гумроҳӣ? Ҳаминро медонам, ки як бандаи носипосе исломро баҳонаи ғаразҳои худ қарор дода, барои ба қатл расонидани бародари дигари мусулмони хеш рафтааст. Ҷанги нангини шаҳрвандии охир, ки  аз ҷониби якчанд фирефтагони ноогоҳ сар зада буд, барои ӯ дарси ибрат нашудааст.

Дуруст аст, ин полковники хиёнаткор дар Ватани хеш бо яроқ сарукор дошт, зеро рисолати хизматиаш аз ҳамин иборат буд. Садҳо ҳамватанаш дар симои ӯ муҳофизатгар ва таъминкунандаи оромию суботро медиданд. Аммо имрӯз ин хоини миллат аз Ватани худ фирор карда, бо ҳаракатҳои ифротгаро пайваста, виҷдони худро фурӯхтааст.

Ҳалимов дар баробари паст намудани шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин аҳли оила ва хешовандонашро низ сархам намуда, онҳоро дар нимароҳи тақдир гузоштааст. Оё ӯ нисбати ҳаёти фарзандони хеш фикр накарда буд, ки баъд аз пеша намудани ин роҳи зишт аҳволи онҳо чӣ гуна мешавад? Оё ӯ заррае фикр накард, ки нанги хешованди хиёнаткор буданро ҳар инсон бардошта наметавонад?

Имрӯз Ҳалимов хонаву меҳан, аҳли хонавода, арзишҳо ва воситаҳои ахлоқии худро ихтиёран аз даст додааст. Худованд раҳим аст, ғами халқи шарифи моро хӯрда, ин разилро аз пеши роҳамон дур андохт. Вагарна, то ба охир ба муҳофизати ӯ бовар карда, ба ӯ чун сипар такя намуда, туъмаи душманони беруна мешудем.

Имрӯз шукргузор аз онем, ки ҳамватанони шарафманду дорои номусу нанг  дар кишварамон зиёданд. Умедворам, ки ин амали нангини полковники хиёнаткор барои тамоми кормандони сохторҳои қудратӣ дарси ибрат шуда, онҳо сафҳои худро аз чунин «алафҳои бегона» пок намуда, ҳамаи неруи мавҷударо баҳри муҳофизати Ватани азизамон равона хоҳанд кард.

Мурод СОДИҚОВ