НАХУСТИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ СОҲАИ МАЪДАНҲОИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ

№ 10.10.2024

29 — 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории соҳаи маъданҳои куҳӣ-металлургӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад.

Форуми мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони саноати кӯҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Восток Капитал» баргузор менамояд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ  ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати кишвар, дастгирии рушди устувори соҳаи саноат, таҷдид ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин, фаъолсозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин форум намояндагони ҳукуматҳо, вазорату идораҳои соҳавии кишварҳо, ниҳодҳои молиявӣ, ширкатҳои фаромиллӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»