Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки рӯзҳои 11 – 13 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мегардад.
- Дар намоишгоҳ беш аз 130 ширкату корхона аз тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳафтаи оянда намояндагони ин ширкату корхонаҳо барои омодагӣ ба намоишгоҳ ба шаҳри Тошкент сафар мекунанд, - гуфт сардори шуъбаи фаъолияти намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Мирсаидов.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»