НАХУСТИН ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

№ 07.04.2025

13 – апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  мусобиқаи байналмилалӣ — нахустин Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳии «Eliminator Mountain» баргузор мегардад. 

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷоя бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ доир карда мешавад.

Ҳадафи ин мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»