Нахустин рӯзномаи коргарӣ

№35 (4618) 10.03.2023

4f182719-0893-5a78-a3e3-6774364da1d3Сохтмони системаи ирригатсионии Вахш (маъруф бо номи «Вахшстрой») дар доираи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи СССР — солҳои 1928-1933 оғоз гардид. Ба қатори 150 иншооти зарбдори умумииттифоқӣ ҳисобидани «Вахшстрой» то чӣ андоза муҳим будани онро собит мекунад. Корҳои сохтмони канали магистралии Вахш соли 1930 оғоз гардида, минбаъд вусъат ёфт. «Вахшстрой» дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва ҳизбӣ қарор дошт. Дар съезди IV Советҳои РСС Тоҷикистон, 25-уми феврали соли 1931,  Раиси Комитети иҷроияи марказии советҳои РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум «Дар бораи сохтмони Вахш» баромад намуд.

Съезд аз рӯйи ин баромад резолютсия қабул мекунад. Дар банди чоруми он зикр шудааст, ки системаи ирригатсионии Вахш на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки умумииттифоқӣ низ дорад. Аз ин сабаб ҷараёни сохтмон, фаъолияти бунёдкоронаи коргарони  он бояд дар воситаҳои ахбори омма ҳамаҷониба инъикос  ёбад. Ба ҳукумати РСС Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар «Вахшстрой» нашрия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таъсис дода шавад. Дар асоси ин пешниҳод ибтидои соли 1932 нахустин рӯзномаи коргарӣ бо номи «Ударник Вахшстроя» бо забони русӣ ва «Сохтмони зарбдори Вахш» бо забони тоҷикӣ (бо ҳуруфи лотинӣ) ҳамчун наш­рияи комитети ҳизбӣ ва раёсати «Вахшстрой» чоп мешавад. Соли 1931 дар қитъаи асосии сохтмон бо ташаббуси комсомолон рӯзномаи девории «Ударник Вахшстроя» бароварда мешуд ва нашрияи расмии сохтмон ҳамин номро мегирад.

Рӯзномаи «Вахш» — и ноҳияи Вахш, ки аз ворисони рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» ба ҳисоб меравад, соли 1982-юм, 50-сола шуд. Қарор шуд, ки ин сана ботантана таҷлил гардад. Ман, ки он солҳо муҳаррири  рӯзномаи «Вахш» будам, ҳамроҳи чанде аз ҳамкасбон ба хонаи Мирсаид Миршакар рафта, ӯро ба ҷашн даъват намудем. Бо сабаби беморӣ устод дар ҷашн иштирок карда натавонис­танд, аммо бо нишони эҳтиром номаи табрикӣ фиристоданд. Дар шумораи идона (рӯзномаи «Вахш» № 55 аз 3-юми майи соли 1982) хотироти мухтасари номбурдаро  чоп намудем. Устод дар хотироташ чунин менигорад: «Маро соли 1932 ба Комитети Марказӣ даъват намуда гуфтанд:

- Ба Вахш меравед. Он ҷо ба газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» муҳаррир мешавед.

- Ҳоло ман ҷавонам, — гуфтам.

- Республика ҷавон аст. Сохт­мон ҳам. Баробари онҳо қадам мезанед ва камол меёбед, — гуфтанд ба ман.

Муҳаррири аввалини газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» Насрулло Абдуллоев ба хондан рафту ман ба ҷойи вай таъин шудам».

Мирсаид Миршакар дар ин ва дигар хотироташ оид ба фаъолият дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» батафсил нигош­тааст: «Таърихи рӯзнома аз он рӯзҳое сар мешавад, ки болшевикон барои ба водии зарнисор табдил додани чӯли ҳазорсола хобидаи Вахш мубориза оғоз намуданд. Ба мо ходимони рӯзнома, ки 3 нафар будем, лозим меомад ҳам муҳаррир бошему ҳам котиби масъул ва ходими адабӣ. Рӯзона ба коргоҳҳо мерафтем, бо сохтмончиён суҳбат карда, мақола ташкил менамудем, бегоҳӣ то соати 12 шаб нишаста, барои шумораи оянда мавод тайёр мекардем. Ягон бор аз мондашавӣ шикоят надоштем, зеро вазъият ҳаминро тақозо мекард.

«Сохтмони зарбдори Вахш» дар як шумора камбудиро нишон диҳад, дар нашрҳои оянда аз он хусус менавишт, ки баъди танқид чӣ дигаргуниҳо ба амал омад ва ҳамин тавр то ислоҳи камбудиҳо. Махсусан, нашри рӯзномаи тоҷикии он меҳнати зиёдро талаб мекард. Одамони босаводе, ки ба рӯзнома ҳамкорӣ кунанд, дар байни сохтмончиёни маҳаллӣ кам буданд. Бо вуҷуди мушкилиҳо рӯзнома сари вақт нашр мешуд ва он миёни коркунони системаи ирригатсионии Вахш маҳбубият дошт. Баъзе ҳолатҳо  рӯзномаро ба воситаи радиои маҳаллӣ мехондем.

Пас аз се сол (12-уми сентябри соли 1933) коргарон харсанги калонро, ки байни дарё ва сарбанд хобида, роҳи обро баста буд, тарконданд. Садои пай дар ҳами таркиш ба дили коргарон шуълаи умед афрохт. Баъд аз таркиш лаҳзае абри ғафси чангу хок сохт­монро фаро гирифт. Бо кушодашавии дарвозаҳо оби мусаффои Вахш  мавҷзанон ба канал ҷорӣ шуд. Ман дар ҳамин ҷо лаззати меваи дарахти дӯстии халқҳоро чашидам. Ҳамин ҷо достони аввалини худ «Ливои зафар»-ро, ки ба дӯстии халқҳо бахшида шуд, иншо намудам. Аз ин рӯ, ҳар вақт мегӯям, ки тарҷумаи ҳоли ман бе рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» пурра нест».

Сохтмони системаи обёрии Вахш идома дошт ва баробари иншооти машҳури он давр шуҳратёр гашта буд. Иҷрои  корҳои  сохтмон, пешравию муваффақияти  он дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» ҳамаҷониба инъикос меёфтанд. Он диққати рӯзноманигорону адибони дохилию хориҷиро ҷалб кард. «Тобистони соли 1932 бригадаи нависандагони пролетарии хориҷӣ меҳмони бунёдкорони «Вахшстрой» гардиданд. Дар байни онҳо нависандаи номии поляк, револютсионери барҷаста ва коммунист Бруно Ясенский низ буд. Баъдтар ин адиби шинохта китоби «Одам пӯсташро иваз мекунад»-ро, ки дар бораи меҳнати қаҳрамононаи бинокорони ин сохтмони бузург ҳикоя мекунад, таълиф менамояд. Фасли аввали асари мазкур охири соли 1932 дар «Роман-газета» интишор шуда буд.

Ин роман аз беҳтарин таълифотест, ки роҷеъ ба «Вахшстрой» эҷод шудааст. Дақиқназарӣ дар сюжету сохти композитсионӣ, услуби хоса ва забони фасеҳи асар аз маҳорату истеъдоди комили муаллиф шаҳодат медиҳад» (рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» № 53 аз 20-уми апрели соли 1933).

Баъдан аз рӯйи ин асар бе тағйири ном филми бадеӣ гирифта шуд, ки то имрӯз шуҳратёр аст.

Рӯзнома, воқеан, солномаи корнамоиҳои бунёдкорони сис­темаи обёрии Вахш ба ҳисоб мерафт. Аз саҳифаҳои бо мурури замон фарсудашудаи он доир ба корнамоиҳои фотеҳони водӣ маводи фаровоне метавон мутолиа кард. Дар сохтмон занон низ саҳмгузор буданд. «Дар «Вахшстрой» 800 зан баробари мардон меҳнат мекунанд», — хабар додааст рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» № 6 аз 2-юми июли соли1934.

«Барои азхудкунии водии Вахш сохтмони иншооти таъиноти гуногун, роҳу пулҳо зарур буд. Инъикоси ин масъала аз мавзӯъҳои асосии рӯзнома ба шумор мерафт. Ба Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи май гурӯҳи тадқиқотчиёни ИКПС барои муайян намудан ва ба нақша даровардани сохтмони роҳи оҳани камбари Сталинобод — Қӯрғонтеппа меоянд. Тадқиқотчиён самти роҳи оҳанро аз болои ағбаҳои Ёвону Фахробод интихоб менамоянд. Роҳи нав барои ҳар чӣ зудтар бунёд намудани сохтмони ирригатсионии Вахш, тараққии хоҷагии халқ ва маданият, беҳтаршавии некуаҳволии мардум бениҳоят зарур аст. Роҳи оҳани камбари Сталинобод — Қӯрғонтеппа то аввали солҳои 70-уми асри гузашта мавриди истифода қарор дошт. Аз сабаби минбаъд сохта нашудани вагонҳои роҳи оҳани камбар фаъо­лияти он қатъ мегардад» (рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» №63 аз 14-уми майи соли 1933).

Собиқ корманди рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» Д. Гойфман дар хотираҳояш (рӯзномаи «Вахш» №30 аз 6-уми марти соли 1980 ) дар ин хусус чунин ёдовар шудааст: «Соли 1934 аз шимоли Тоҷикистон ба но­ҳияи Туғаланг (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) як гурӯҳ комсомолону ҷавонон муҳоҷир шуданд, ки ба онҳо ҷавони шарм­гину миёнақад Сироҷиддин Исоев роҳбарӣ мекард. Онҳо якҷо бо дигар муҳоҷирон колхози «Ёш ленинчи» — ро ташкил намуданд. Баъдан Сироҷиддин Исоев чун роҳбари кордону ташкилотчӣ ном бароварда, муддати 23 сол дар вазифаи котиби якуми Комитети партияи коммунистии но­ҳияи Колхозобод фаъолият намуд. Ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадрдонӣ шудааст. Бисёр фотеҳони водии Вахш бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гашта, депутати Совети Олии СССР, Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудаанд».

Меҳнати бунёдкоронаи фотеҳони водии Вахш шоистаи таҳсин аст. Онро метавон мактаби ҳақиқии мардонагӣ, намунаи нодири дӯстии халқҳо эътироф кард. Ин нукта дар як хабари кӯтоҳ, вале хеле самимӣ баён шудааст: «15 январ ба оғози корҳои сохтмони «Вахшстрой» се сол пур шуд. Роҳи тайнамуда — роҳи муборизаи ҳамаи мардуми софдилу серғайрати коллективи бинокорони Вахш дар шароити душвори табиӣ барои корам кардани даштҳои сӯзон, роҳи муваффақиятҳои калон бурдубохт барои ободии ин сарзамин мебошад» (рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» № 2 аз 19-уми январи соли 1934).

Бо истифода додани системаи ирригатсионии Вахш ва омадани теъдоди зиёди муҳоҷирон раванди азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав вусъати тоза мегирад. Вобаста ба он солҳои сиюми асри ХХ дар водӣ ноҳияҳои нав ташкил шуда, баробари рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват гардиданд. Имкон фароҳам омад, ки нашрияҳои расмии мақомоти ҳизбӣ ва совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияҳо таъсис ёбанд.

Аъзам МӮСОЕВ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш