Зиёда аз 160 ширкати Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти гуногуни саноатӣ, аз ҷумла автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш, техникаи соҳаи кишоварзӣ, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, нассоҷӣ, электротехника, атриёт, доруворӣ, мебел, ноқил, лифт, сантехника, маҳсулоти чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, трансформатор, либос, пойафзол, палос, таҷҳизоти маишӣ ва ғайраро, ки бо стандартҳои байналмилалӣ омода шудаанд, 17 апрели соли равон дар Маркази савдои «Пойтахт-90» ба намоиш гузоштанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода баргузории намоишгоҳро дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, ки соли гузашта робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон рушд карда, табодули мол байни ду давлат 5,7 маротиба зиёд шуд.
Раиси Ширкати миллии намоишгоҳии «Узэкспосентр» Иброҳим Эргашев иттилоъ дод, ки дар намоишгоҳ 1500 намуд молу маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шудааст.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зикр кард, ки намоишгоҳ дар доираи шартномаҳои Ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо мақсади тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва манфиати дуҷониба, мусоидат ба ҷалби сармоя, рушди тиҷорат, зиёд кардани гардиши мол, ҳавасманд кардани соҳибкорони ду кишвар, созмон додани ҷойҳои нави корӣ баргузор гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов баргузории намоишгоҳро ҳодисаи фараҳбахш ва оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ кард.
Инчунин, зикр шуд, ки моҳи майи соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва тирамоҳи сол намоишгоҳи молу маҳсулот ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ба рӯзноманигорон гуфт, ки гардиши мол дар семоҳаи соли равон байни ду давлат 23 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 13 миллион доллари онро содирот ва 10 миллион долларро воридот ташкил медиҳад. Аз кишвари мо асосан сементи аълосифат содирот шуда, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ ворид гардидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»