6 июли соли ҷорӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз тарафи нашриёти «Адиб» намоиш ва фурӯши китоб баргузор ва ба алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ 8 ҳазор нусха китоб пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъомад адибону шоирон ва ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дӯстдорони каломи бадеъ китобҳои интихобнамудаашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуда, аз муаллифони асарҳо, ки бархе аз онҳо ҳузур доштанд, соядаст гирифтанд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»