10 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуқодир Вализода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба даъват баргузор гардид.
Қабл аз оғози кори Ситод раиси ноҳия як қатор масъулонро, ки дар маъракаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ саҳми босазо гузоштанд ва пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро намуданд бо «Сипоснома»- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ намуд.
Аз ҷумла кормандони Ҷамоати деҳоти Сабо, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, инчунин намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳия барои саҳми назаррас доштанашон дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.
Раиси ноҳия ба муовини худ — Абдурасул Иброҳимзода барои ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани писараш ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.
Қобили тазаккур аст, ки Хушмуҳаммад Иброҳимов дар даъвати тирамоҳии ҷавонписарон бо тавсияи падар, ки худ хизматчии давлатӣ буда, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва ҳамзамон раиси Комиссияи даъватӣ мебошад ба хизмати Модар- Ватан рафт ва ин аъмоли ӯ намунаи ибрат барои роҳбарон ва сармашқи пайравӣ барои ҷавонони худогоҳу ватандӯст мебошад.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»