Нархҳои алтернативӣ болоравии арзиши маҳсулотро пешгирӣ менамоянд

№83 (3384) 18.06.2015

ГОРДУМА115 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили умдаи хоҷагидории шаҳр баррасӣ ва нисбати тақвияти фаъолият дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ масъалагузориҳо сурат гирифтанд.

Аз ҷумла бо инобати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар асоси нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пурфайз намудани дастурхони сокинон таваҷҷуҳи масъулини бозорҳо оид ба тариқи нархҳои алтернативӣ пешниҳод кардани маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба пешгирии болоравии нарх нигаронида шуд.

Дастур ироа гардид, ки ҳамарӯза аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло», инчунин дигар бозорҳои хусусӣ аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифат, дар радифи дигар соҳибкорон ба савдо гузошта шаванд. Дар ин зимн, бобати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва коҳиш додани нуфузи субъектҳои монополистӣ сохторҳои марбутаи назоратӣ тадбирҳои фаврию мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва бенизомиҳо дар хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, назорати дахлдор нисбати нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳ, наҳру селпартоҳо ва ҳадафманд татбиқ намудани чорабиниҳо оид ба таҷлили 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси шаҳр баррасӣ гардида, ба масъулин дастурҳои судманд ироа гаштанд.

Ш. САИДОВ