Бонги изтироб

Нархҳои осмонӣ барои кӣ фоидаовар аст?!

№43 (4463) 05.04.2022

КоллажАгар теъдоди дорухонаҳоро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисоб кунем, шояд аз шумораи дӯкону ошхона, мағозаҳои хӯрокворӣ ва бозорҳои сабзавотфурӯшиву саноатӣ бештар бошанд. Сабаби он дар чист? Магар бемор зиёд шудааст ё истеҳсоли доруворӣ? Ба андешаи мо, ҳарчанд бемору дардманд ҳам кам набошад, вале солҳои охир истеҳсоли доруворӣ хеле афзуда, нархи дору, ба қавле, ба «осмони ҳафтум» дакка мехӯрад.

Мардум ҳаргиз хоҳони он нестанд, ки доруву дорухонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, кам бошанд. Тавре дар урфият мегӯянд «тани гарм бе дард намешавад». Аз камчинии аксар доруҳо шояд касе шикоят надошта бошад, зеро сари ҳар қадам ба дорухонаҳои хурду калон рӯ ба рӯ мешавем. Дар дохили мағозаҳои хӯрокворӣ, ошхонаву бозори сабзавот, беморхонаву марказҳои саломатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва биноҳои истиқоматӣ ҷойгир кардани онҳо низ ба назар мерасад. Вале мардум бештар аз бесифативу нархҳои дандоншикани доруҳо норозианду барои ислоҳи ин вазъ намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд. Аз ҳама ҳолати шигифтангез он аст, ки дар бештари дорухонаҳо нархномаи муайяни доруҳо вуҷуд надошта, фурӯшандаҳо нархҳои гуногуни дандоншиканро муайян мекунанд.

Дар ин ҳол хоҳ нохоҳ савол пайдо мешавад: «Чаро соҳибони дорухонаҳо нархро пинҳон карда, нархнома насб намекунанд?». Донистани сабаби ин рафтори онҳо чандон душвор нест, зеро нарх ҳар рӯз тағйир меёбад, яъне, ба боло меравад. Шояд доруфурӯшҳо барои анҷоми ин кор вақт намеёбанду коғаз сарф кардан намехоҳанд?!..

Дар ҳоле ки соҳибони бештари дорухонаҳо нуқтаи фурӯши доруро «шахсӣ» муаррифӣ мекунанд, «нархҳои даҳонакии дандоншикан»-ро кӣ бояд назорат намояд? Оё ин амали соҳибони дорухонаҳои «бенарх» фиреби мардум дар рӯзи равшан нест?

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»