«Народная газета» инъикосгари сиёсати Ҳукумати ҷумҳурист

№143 (4249) 26.11.2020

IMG_20201123_140711-2- Авввало хуб мешуд, ки аз таърихи таъсисёбӣ ва қадамҳои аввалини рӯзнома ёдовар мешудед.

- Дар солҳои аввали таъсисёбии РАСС Тоҷикистон, аниқтараш, соли 1925, котиботи Ҳизби коммунисти РСС Ӯзбекистон ва РАСС Тоҷикистон қарор дод, ки ба забони русӣ нашрия таъсис дода шавад. 18 октябри соли 1925 дар ин бора қарори Бюрои ташкилии ҲК РАСС Тоҷикистон ба тасвиб расид ва рӯзномаро «Советский Таджикистан» («Тоҷикистони советӣ») унвон карданд. Шумораи аввалини он 25 ноябри соли 1925 ба нашр расид.

Қариб то солҳои 70-уми асри гузашта, рӯзи таъсисёбии газета 7 ноябри соли 1929 шуморида мешуд. Гап сари он, ки баъди ду соли нашри газета, яъне, соли 1927, бинобар сабабҳои моддӣ-техникӣ, он ду соли дигар чоп нашуд. Баъдан, роҷеъ ба барқарор кардани нашрия 9 октябри соли 1929 котиботи Комитети вилоятии ҲК РСС Тоҷикистон аз нав қарор қабул кард. Ба он Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун раис ва Христов чун котиб имзо гузошта буданд. Мувофиқи он қарор, бахшида ба 12-умин солгарди Инқилоби Октябр бо номи пештараи «Советский Таджикистан» шумораи рӯзнома ба нашр расид. Он сол адади нашр 700 нусха буд ва то соли 1932 ба 10 ҳазор расид. Соли 1930 бошад, ба «Коммунист Таджикистана» табдили ном кард.

Як нуктаи ҷолиб он аст, ки соли 1969-ум 40-солагии газета таҷлил шуд. Аммо, баъди шаш сол, вақте ки аз миёни ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, аз зери чангу хок қарори пешина дар бораи таъсиси газета ёфт шуд, соли 1975, ҷашни 50 — солагии газетаро қайд карданд.

- Нашрия кай номи «Народная газета» — ро гирифт?

- Аз соли 1930 то солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нашрия «Коммунист Таджикистана» ном дошт. Моҳи январи соли 1955, ҳангоме ки номи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикис­тони сурх» (тоҷикӣ)-ро ба «Тоҷикистони советӣ» ва нашрияи ӯзбекзабони «Қизил Тожикистон»-ро ба «Совет Тожикистон» иваз карданд, унвони «Коммунист Таджикистана» тағйир наёфт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 бо пешниҳоди сармуҳаррири онвақтаи газета Н. Н. Кузьмин ба «Народная газета» табдил дода шуд.

- Нақши рӯзномаро дар солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Бояд тазаккур дод, ки «Народная газета» ҳамқадами Тоҷикистони соҳибис­тиқлол мебошад, чунки 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва ҳамон рӯз аз ҷониби Кумитаи давлатии матбуоти ҷумҳурӣ ба идораи нашрия шаҳодатномаи №129, дар бораи мақоми нави он дода шуд. Ҳамин тариқ, дар марҳилаи нави таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷик, рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ба забони русӣ фаъолиятро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ташаккули давлатдории навин ва ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба роҳ монд.

Дар саҳифаҳои он вазъи сиёсии кишвар, навгониҳо дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу энергетика, саноат, илм ва маориф, амният, робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, фаъолияти ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон инъикос мегарданд.

Инчунин, «Народная газета» тасмим гирифтааст, ки фаъолиятро ҷиҳати таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», Даҳсолаи амалиёти «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҳадафи чоруми стратегии давлат-саноатикунонии босуръат», «Ҳамкориҳои Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир» дар партави ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, «30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», чор ҳадафи стратегии кишвар: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, дар маҷмӯъ, дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба хонандагон мақола ва шарҳу гузоришҳои ҷолибро пешниҳод намояд.

- Рӯи мизи кориатон китобҳои навро мебинам, ба гумонам маҳсули эҷоди кормандонанд?

- Бале, дар арафаи ҷашни 95-солагии рӯзнома бо қарори ҳайати таҳририя маҷмӯаи мақолаҳои публисистиро таҳти унвони «Ташаббусҳои Пешвои миллат – таконбахши рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба табъ расонидем. Он аз панҷ боб иборат буда, на танҳо нигоштаҳои кормандони рӯзнома, балки мақолаҳои ҷолиби кормандони дигар нашрияҳо, олимону таҳлилгаронро низ фаро гирифтааст. Тавре аз номаш бармеояд, маҷмӯа бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳия шудааст.

Китоби дигарро, ки андак пештар чоп шуд ва «Дар бораи ҷаҳони имрӯз ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ном дорад, бо ҳаммуаллифии доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода таҳия кардем. Он нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (солҳои 2000 -2018) дар бораи сиёсати хориҷии мамлакатро дар бар мегирад.

Китоби дигари нисбатан калонҳаҷме, ки ҳайати эҷодии рӯзнома бо мақсади таблиғи ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомали Раҳмон ба ифтихори ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 95 — солагии рӯзномаи «Народная газета» ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омода карданд, «Газетаи мардумӣ дар бораи Президенти мардумӣ» унвон дорад.

- Ба шумо барори кору пешравиҳои нав ба нав орзу намуда, дар шахси шумо кормандон ва алоқамандони рӯзномаро ба ҷашни 95-солагии таъсисёбии он таҳният мегӯем.

- Ташаккур.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»