Нашри ҷилди дуюм аз «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»

№107 (4213) 03.09.2020

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣҷилди дуюми «Силсилаи китобҳои Камолшиносӣ» — ро бо номи​ «Камол дар оинаи пажӯҳиш» аз чоп баровард.

Он, ки иборат аз​ 566 саҳифа мебошад,​ асарҳои ба ҳаёт ва эҷодиёти Камол (аз соли 1845 то 1960) бахшидашударо дар бар гирифта, аз тарафи адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия ва тавассути​ нашриёти «Хуросон» нашр шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки​ ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои Камолшиносӣ»​ бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» чанде пеш аз нашр баромад. Нашри китобҳо беҳтарин армуғонест​ ба 700 — солагии шоири классик Камоли Хуҷандӣ.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»