Базми наврӯзии ҷавонон
КӮЛОБ. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»). Намояндагони ҷавонони ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ҷашни Наврӯзро дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Дар саҳни қаср намунаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ба намоиш гузошта шуд. Сипас, ҳунармандони ҷавон дар толори қаср суруду рақсҳои наврӯзиро пешкаши иштирокчиён намуданд. Ҷонишини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов иштирокчиёни Наврӯзи ҷавононро хайра мақдам гуфта, изҳор карданд, ки фардои кишварамон тавассути неруи ҷавонони ватандӯст, мисли Наврӯз, хушрангу шукуфон хоҳад гашт.
Ҳашари наврӯзӣ
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Дар ҳашари умумивилоятие, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз гузаронида шуд, беш аз 250 ҳазор нафар иштирок кард. Рӯзи ҳашар дар қаламрави вилоят 100 ҳазор дона ниҳол ва беш аз 31 ҳазор дона қаламчаю гулҳои гуногун шинонда шуд.Инчунин сокинони шаҳру ноҳияҳо ҳамзамон дар дигар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Тантанаи идона
ҚУБОДИЁН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»). Дар тантанаи асосии наврӯзӣ, ки дар майдони марказии ноҳияи Қубодиён баргузор мегардад, беш аз 40 ҳазор нафар иштирок менамоянд.
-Намояндагони тамоми ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба базмгоҳ ҳозир шуда, маҳсули дастранҷи хешро пешкаш мегардонанд ва дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дӯзандагӣ, расмкашӣ, шеърхонӣ, овозхонӣ, варзишӣ ҳунари худро намоиш медиҳанд,- гуфт ба хабарнигорамон роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Абдумаҷид Ҳодиев .
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – омили пешрафти зиндагӣ» баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ, дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, чойхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо бо иштироки оммаи васеи аҳолӣ суҳбату мулоқотҳо ороста шуд. Дар мулоқотҳо оид ба таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, танзими расму оин ва маъракаҳо, таъмини иштироки фаъоли ҳунармандон дар чорабиниҳои фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шоирон ба илҳом омаданд
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Адибон гули сари сабади чорабиниҳои наврӯзианд. Дар толори калони маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ба номи М. Назаршоеви шаҳри Хоруғ шаби эҷодии шоири шинохта Алидоди Чароғабдол баргузор шуд. Маҳфил бо қироати шеърҳои пурмуҳтавои шоир оғоз гардида, аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ хуш пазируфта шуд. Сипас ҳамқаламон, ҳамкорон, пайвандони шоир сухан ронданд. Ҳунарпешагони театри вилоятӣ ва ансамбли «Навои Бадахшон» бо ҳунарнамоии хеш маҳфилро ҳусну таровати хоса ато карданд.
Падидаи наврӯзӣ
ФАРХОР. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»). Дар арафаи иди Наврӯз бо ташаббус ва дастгирии молиявии раиси ноҳияи Фархор Раъно Мирзоева бонувони ноҳияи Фархор соҳиби маҷаллаи худ- «Бонувони Фархор» шуданд. Дар ин ноҳия ба ташаккули матбуот таваҷҷуҳ бештар аст. Шаҳодати ин гуфтаҳо нашри ду рӯзномаи дигар — «Гулистон» ва «Минбари омӯзгор» бо теъдоди калон мебошад.
Мусобиқаҳои наврӯзӣ
ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ). Дар маркази ноҳия ва деҳоти он ба ифтихори ҷашни Наврӯз чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд. Мусобиқаи футболи тимҳои ҷамоатҳои деҳот, ки даҳ рӯз идома дошт, дар арафаи ҷашни баҳор ҷамъбаст шуд. Ҷойи аввал насиби тими «Нодира»-и деҳоти «Меҳробод» гардид. Тимҳои «Бӯстон» ва Чилчашма» ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд. Ба ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи раиси ноҳия супурда шуд.
Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.