Навидҳо аз кишвар

№107 (3092) 27.08.2013

Бо фаъолон раванди муҳоҷират баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Чанде пеш мулоқоти кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) бо раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, директорони мактабҳо, раисони маҳалла ва бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳр доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) Улуғбек Авезов доир ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, касбомӯзӣ, дараҷаи забондонии муҳоҷирон, депортатсия, аз қайд гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, гузаштан аз санҷиши забони русӣ, инчунин дар бораи гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳо суҳбат намуд.

 

Ташкили гармхонаҳо дар Мурғоб

МУРҒОБ. (Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳияи Мурғоб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯ-ҳистони Бунёди Оғохон ба таври таҷрибавӣ гармхона барои парвариши сабзавот бунёд карда шуд. Дар Помири Шарқӣ дар ҳавои кушод парвариш намудани сабзавот ғайриимкон аст. Ба замми ин, баландии зиёде аз сатҳи баҳр ва  таъсири нурҳои ултрабунафш ба сабзиши ҳар гуна зироат, бахусус сабзавот таъсири манфӣ мерасонад. Ягона роҳи парвариши сабзавот аз нуқтаи назари коршиносон ин гармхонаҳо мебошанд. Барои амалӣ намудани ин кор аз водии Модиён, ки аз маркази ноҳия, дар масофаи 30 километр дуртар воқеъ аст, ба дигар минтақаҳо хок овардан лозим аст. Чунки дар қисмати зиёди ҳудуди ноҳия аз таъсири нурҳои ултрабунафш хок сӯхта, сабзиши ҳар гуна растанӣ номумкин мешавад.  Акнун ба таври таҷрибавӣ дар маркази ноҳия як гармхона бунёд гашт ва дар сурати гирифтани ҳосили хуби сабзавот ин таҷриба дар дигар минтақаҳои сарди ноҳияҳо низ амалӣ карда мешавад.

 

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар бинои Гимназияи рақами 1-и шаҳраки Ғафуров қабули шаҳрвандони ноҳияи Бобоҷон Ғафаров бо усули «Равзанаи ягона» доир гардид.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон 72 нафар сокинони ноҳия бо 97 масъала ба қабули роҳбарони шуъбаю раёсатҳо ва сохторҳои вилоятӣ даромаданд. Нисбати ҳар муроҷиати сокинон парвандаи назоратӣ тартиб дода шуд.

Мардуми ноҳия ба масъулин доир ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмир ва таъмин бо манзили истиқоматӣ, мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, норасоии неруи барқ, таъминоти нафақа ва ғайра муроҷиат карданд.

 

Толибилмон либос медӯзанд

НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлат  СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар дувоздаҳ мактаби ноҳияи Носири Хусрав 12 сехи дӯзандагӣ таъсис дода шуд. Дар ин сехҳо духтарони толибилм ба дӯхтани сарулибос машғул мешаванд. Дар ин кор ба онҳо чеварони соҳибтахассус кӯмак менамоянд. Соли ҷорӣ дар ин коргоҳҳои дӯзандагӣ толибилмони синфҳои болоӣ барои мактабиён сарулибоси мактабӣ омода намуданд, ки нисбат ба нархи бозор як баробар арзон мебошанд. Чунин амали хайр бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ карда шуд.

 

Обро нӯши ҷон кунед

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. (Давлат  СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар арафаи оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об нафақахӯр Сафармуҳаммад Хоҷаназарзода ба иқдоми шоистае даст зад. Ӯ аз ҳисоби маблағҳои пасандози худ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, барои сокинони маҳаллаи болои кӯчаи ба номи Лоҳутии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хатти оби нӯшокӣ гузаронид. Дар ин амали хайр писараш Абдулатиф, ки устои соҳибҳунар аст, кӯмак намуд.  Мушкилоти таъмин набудан бо оби тозаи нӯшокӣ сокинони ин маҳалларо чандин сол боз азият медод. Аз ин рӯ,  ин иқдоми пири хирадманд сокинони маҳалларо басо шоду мамнун гардонид.

 

Қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд

БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Вобаста ба Барномаи давлатии рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2015, дар ноҳияи Балҷувон парвариши  қутос ба роҳ монда шуд. Айни замон дар хоҷагии «Гулдара» 31 сар қутос парвариш меёбад, ки вазъи парвариши онҳо ҷавобгӯйи  шароити маҳаланд. Обу бедаи фаровон ва боду ҳавои мусоиди ин маҳал барои рушди соҳа басо мувофиқу мусоид аст.

 

Ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

РОҒУН. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар маркази шаҳри Роғун даври аввали озмуни «Иди асал 2013» доир гардид. Дар озмун занбӯриасалпарварон аз ҶСК НБО-и «Роғун», хоҷагии ҷангали шаҳр, шаҳраки «Оби гарм», деҳотҳои «Қади об» ва «Сичароғ» ширкат варзиданд. Занбӯриасалпарварон баҳри сохтмончиёни НБО-и «Роғун» ва сокинони шаҳр зиёда аз як тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю хуштамъро бо нархи 30 сомонӣ барои як килограмм пешкаш гардониданд.

Ҷойи аввал насиби занбӯриасалпарварони ҶСК НБО-и «Роғун» гардид. Ду ҷойи дуюмро занбӯриасалпарварони шаҳракаи «Оби гарм» ва деҳоти «Қади об» ва ду ҷойи сеюмро занбӯриасалпарварони хоҷагии ҷангал ва деҳоти «Сичароғ» соҳиб шуданд.

Ба ғолибон роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Иди асал 2013», ифтихорнома, мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супорида шуданд, — гуфт муҳаррири нашрияи «Нури Роғун» Абдулҳосил Табаров.

 

Барномаи нав муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ. (Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»)  Дар толори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодабарии суратҳои маҳвора барои пешгӯйиҳои агрометеорологӣ» барномаи нав муаррифӣ гардид. Ҷамъомадро муовини директори муассиса Каримҷон Абдуалимов кушода, зикр намуд, ки бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии FAO «Барномаи таъмини  бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Дастгирӣ барои тақвияти системаи миллии иттилоотӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» аз соли 2012 инҷониб амалӣ гардида истодааст. Модели (усули) агрометеорологии «Агрометшел» истифодаи аксҳои кайҳонӣ барои пешгӯйии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ чизи нав аст. Дар доираи Барномаи мазкур барои мутахассисони соҳаи агрометеорологияи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ  курсҳои омӯзишӣ оид ба ворид намудани модели агрометеорологии «Агрометшел» гузаронида шуд ва шуъбаи номбурда бо ду адад компютер таъмин гардид.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91