Навигариҳои соли 2013

№1 (3147) 01.01.2014

20 март дар шаҳри Душанбе бинои нави муҳташами Осорхонаи миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ ёфт.

***

5 июл дар  кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон, майдони калон ва тенниси рӯйимизии шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди  истифода қарор гирифт.

***

20 июл дар ноҳияи Шаҳринав нахустин корхонаи муосири  коркарди  нафт  ифтитоҳ шуд, ки дар як сол имкон дорад то 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намояд.

***

13 август боздиди кории  Эмомалӣ  Раҳмон аз шаҳри Норак сурат гирифт, ки зимни он нахуст бо иштироки Сарвари давлат дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор дароварда шуд.

***

20 август Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60 – солагии ЮНЕСКО» – ро тақдим кард.

***

29 август дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол ба кор шурӯъ намуд.

***

1 сентябр дар маҳаллаи «Ҳаёти нав»-и пойтахт  бинои нави факултети  сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

5 сентябр дар ошёнаҳои аввали Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе як фурӯшгоҳи бузурги китоб бо номи «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ» ба фаъолият пардохт.

***

5 сентябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии «Рӯдакӣ-Плаза», ки аз 14 қабат иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

5 сентябр дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва дучарха» расман ифтитоҳ ёфт.

***

15 сентябр дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии шаҳраки «Шайдон» ба истифода дода шуд.

***

25 сентябр дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави шуъбаи корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт расман ба кор шурӯъ кард.

***

26 сентябр дар маркази ноҳияи Ҷиргатол табобатгоҳи замонавӣ ва Маркази варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

***

27 сентябр дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои нави Кохи фарҳанг ба фаъолият шурӯъ кард.

***

1 октябр нақби мошингарди «Чормағзак», ки дар масири Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ ёфта, ба истифода дода шуд.

***

7 октябр дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст ифтитоҳ гардид.

***

10 октябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.

***

12 октябр дар маркази шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Ҷаҳони нав» ба истифода дода шуд, ки минбаъд ба омӯзиши касбҳо, дӯхти пояфзол ва сарулибос машғул мешавад.

***

16 октябр дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд Корхонаи саноатии «Суғд  Пак» ба кор даромад, ки ба истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои бастабандии орд, шакар, дигар масолеҳи ғизоӣ ва хокаҳои масолеҳи сохтмонӣ, ба мисли семент, алибастер ва ғайра машғул хоҳад шуд.

***

28 октябр дар маркази ноҳияи Восеъ Маркази тиҷорат ва хизматрасонии «Султони Кабир»  ба кор шурӯъ кард. Ин марказ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров бунёд ёфтааст.

***

31 октябр Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  марҳилаи якуми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор даровард.

***

6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда интихоб шуд.

***

9-12 ноябр дар шаҳри Афинаи Юнон дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни ҷавонон паҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов сазовори медали тилло гардид.

Таҳияи Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»