Ҳиссаи босазо
Роҳи байни деҳаи мо -Чилдухтарон ва Саркорон 20 километрро ташкил медиҳад. Дар баҳору зимистон аз селу барфи баланд ин роҳ душворгузару мушкил мегардад. Даҳсолаҳо ин аҳвол моро азият медод.
Ин ҳолатро дида, ҷавонмарди баору номус, зодаи деҳаи мазкур Абдуғаффор Идиев ба ёрӣ омад. Бо маблағгузории ӯ механизатор Маҳмадалӣ Сафаров, ронандагон Қадам Ҷобиров, Пираҳмад Нозимов дар давоми чор моҳ роҳи мушкилгузарро тахту ҳамвор карда, санг рехтанд. Акнун дар ҳар фасли сол аз ин роҳ бемамониат воситаҳои зиёди нақлиёт равуо мекунанд.
Бошандагони деҳа ду-се сол пеш, бинобар корношоям гаштани трансформатор, аз барқ маҳрум гардиданд. Ин дафъа низ ба ёрии онҳо Абдуғаффор Идиев омад. Трансформатори нави ташкилкардаи вай мушкилии мардумро осон кард.
Ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаамон «Садои мардум» арзу сипосамонро ба акаи Абдуғаффор расонда, аз дигар соҳибкорон хоҳиш дорем, ки аз ӯ ибрат гиранд.
Бобохон Сафаров, Хуршед Ҳасанов, Усмон Бобоев, Файзулло Қурбонов, сокинони деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод
Дар хизмати маъюбон
Давоми се моҳи соли 2014 мо ба панҷ нафар муҳтоҷон — истиқоматкунандагони деҳаҳои Фирӯзоба, Нуробод хизматҳои иҷтимоии хонагиро расонида, ҳафтае ду бор аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳ шуда, корҳои рӯзгорашонро ба анҷом мерасонем. Бо ёрии нозирони андози ноҳия ҳамаи кумакгирандагонро аз супурдани андози замини наздиҳавлигӣ озод намудем. Ҳамаи инҳо инчунин ба рӯйхати ҷуброни пули барқ дохил гардиданд. Аз ҳисоби ташкилоти «Каритас» ба шаҳрвандон Бобо Қурбонов ва Ибодат Шарифова тафдони каммасрафи ба бухорӣ пайвастшаванда туҳфа карда шуд. Бо ҳамроҳии ҳамшираи тиббии ҳамин муассиса Хайриниссо Сабурова ба хонаи муҳтоҷон рафта, аз саломатии онҳо бохабар шудем. Дар рӯзҳои иди Наврӯз маҳсули ҳунари кашидадӯзии апаи Ғунчагул Назарова — сокини деҳаи Боғгаӣ ва ду духтари маъюбаш пешкаши мардум гардонида шуд.
Пирони барҷомонда ҳар рӯз роҳи моро интизоранд. Барои онҳо мо хонаи умед гаштаем. Мо тасмим гирифтаем, ки аз ин баъд ҳам ба чунин муҳтоҷон сари вақт кумак расонем.
Кобулбӣ МУҚИМОВА, корманди шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Муъминобод
Мактуб аз Қоҳира
Тоҷикистон — хонаи ободи ман
Ватан як пораи ҷон, як лаҳзаи гуворо, як дами гарм, чашми биною буду набудам ҳастӣ. Аз ҳар як бинои болоқомати шаҳрҳоят, аз ҳар як деҳаи навсохтат, аз ҳар як муваффақияти меҳнатият, аз роҳҳои мумфаршату пулҳои қавиат, аз нақбҳои мунавварат, аз рӯдҳои хурду бузург, аз кӯҳҳои сар ба осмон доштаат, аз дашту даманҳои гулрезату аз заминҳои ҳосилхезат, аз олиму орифу пиру барноят, аз лаҳни гуфтори зебоят мефахрам. Ман, ки тайи солҳои зиёд берун аз Ватан пайи таҳсилам, туро беш аз пеш дӯст доштаам. Тоҷикистон, мехоҳам саводу дониш ва ҳар кори неке, ки аз дастам ояд, сарфи ободии имрӯзу фардоят намоям.
Имрӯз, ки бароям истироҳатӣ буд, канори рӯди Нил рафтам ва нишастам. Агарчӣ манзара хеле зебост, лекин он шӯру талошу давиданҳое, ки рӯдҳои кишварам доранд, Нили оҳистарав надорад. Тоҷикистонро Худованд дар рӯйи замин дар минтақае ҷой додааст, ки дар гуфтор онро биҳишти рӯйи замин меноманд. Албатта, дар параллеле, ки аз он мегузарад, дигар кишварҳо низ ҷойгиранд, аммо ба назар мерасад, ки кишвари ман бебаҳс биҳиштест. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, қаторкӯҳҳои Ҳисор дорад, рӯдҳои Панҷ, Зарафшон, Вахш, Сир ва садҳо Кофарниҳону Варзобу Сурхобу Сангоби дигар дорад, ки ҳар яке манбаи энергияи табиӣ ба ҳисоб мераванд. Дашту даманҳои гулпӯш ва ҷангалҳои пурғизои минтақаҳои Бадахшон, Дарвоз, Қаротегин, Ромиту Варзоб, Бешаи палангон, дашту дараҳои пурмеваи Кангурт, Балҷувон, Сари хосор, боғҳои пур аз меваи диёри Ванҷу Вахону Бадахшон, водиҳои зархези Қӯрғонтеппаю Суғди бостон ҳар яке табиати нотакрор доранд. Чашмаҳои шифобахши Бадахшон, чашмаҳои нуқравори Қаротегин, Хоҷа обигарм, Оби гарм, Зайрон, Хирманаки Ҳисор, Шоҳамбарӣ марказҳои табобати мардуманд. Истироҳатгоҳҳои Хоҷа обигарм, Оби гарми Муллошайх, Зумрад, Баҳористон ба дардҳои ҳазорон шифо мебахшанд.
Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон то андозае дилкаш аст, ки дар тӯли таърих таваҷҷуҳи лашкаркашоне чун Искандари мақдунӣ, Чингизи муғул, Темури лангро ба худ ҷалб намуд ва ҳар халқияте, ки бо лашкар меомад, ин ҷо муқимӣ мешуд. Ин аст, ки миёни тоҷикон имрӯз қавмҳои туркнажод, ба монанди узбекҳо, қарлуқҳо, лақай, барлос, қамчӣ, қунғурот, марқа, туркҳо зиндагӣ менамоянд.
Бухоро ва Самарқанд гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик, шаҳрҳоеанд, ки бо зеҳни тоҷикӣ сохта шуда, дар ҷаҳон мавқеъ пайдо кардаанд. Бухоро маркази ислом ва Самарқанд дар зебоӣ сайқали рӯйи замин ном гирифтанд. Дар Осиёи Марказӣ миллати тоҷик созандаи илм, фарҳанг, санъати меъморию кандакорӣ, мусиқӣ ба ҳисоб меравад. Агар қасидасарои аҳди Сомониён маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ инқилобе дар шеъру шоирӣ карда бошад, Абӯалӣ ибни Сино аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал дарди одамиро шифо бахшид, Хоразмӣ ҷамъи ҳисоби Ал-ҷабрро рафт ва Эмом Тирмизӣ, хоҷа Аҳрори Валӣ, Саҳеҳи Бухороӣ дар илми дин кашфиёт кардаанд. Мавлонои Балхӣ (Румӣ), ки манзили охирини худ Қунияро интихоб кард, «Маснавии маънавӣ»-ро таълиф намуд, ки миллионҳоро ба роҳи рост раҳнамун кардаву фахри миллати тоҷик аст. Шояд ин ҳама доди Худованд аз он буд, ки хоку оби ин диёр шоирхезу олимзо бошад:
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забондор аст, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Дар илми мусиқӣ миллати тоҷик Борбади Марвазӣ дошт, ки ба он асос гузошта буд. «Шашмақом» асари безаволи миллат аст, ки тӯли таърих осори созандагони асилро дар худ гирифта, ҷамъоварӣ намуда, то замони муосир расонидааст. Мусиқии «Фалак», ки эҷодкори он асосан мардумони кӯҳистонанд, дар аҳди истиқлолият аз нав рӯйи саҳна омад ва ба қавле аз нав зинда шуд. Мусиқии муосири тоҷик то имрӯз дигар миллатҳоро тасхир месозад. Агар устодоне ҳамчун Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул-ака Файзуллоев, Левича, Акашариф Ҷӯраев шоҳсутуни санъати мусиқии ибтидои асри XX бошанд, Аҳмад Бобоқулов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Тоҷиддин Муҳиддинов, Тағоймурод Хушвахтов, Нигина Рауфова, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова санъати мусиқии муосири миёна ва охири асри бистро то ба фалак расониданд. Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷамшед Исмоилов, Лола Азизова, Саодат Умарова наслеанд, ки санъати мусиқии муосири қарни бистро ба асри бисту як кӯчониданд. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Хоруғ, театрҳои мусиқӣ-драмавии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Конибодом ва дигар театрҳои халқии кишвар марказҳои фарҳангии ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб мераванд.
Тайи солҳои истиқлолият, ки солҳои аввали он ба ҷанги дохилӣ ва баъдтар пайи дарёфти сулҳ сарф шудаву нисфи он ҳамакнун барои бардоштани иқтисод ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона мегардад, кишвари азизам ба ҳама мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, дар соҳаҳои илм, фарҳанг, тиб, иҷтимоъ ва сиёсат ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст. Мушкили иқтисодӣ, агарчӣ пурра барканор нагаштааст, вале умед аст, ки солҳои наздик ҳама мушкил бартараф хоҳад шуд. Алорағми бадхоҳон ва бадбинони миллат, мо ҷавонони кишвар даст ба ҳам дода, бояд Тоҷикистонро кишваре созем, ки дар ҷаҳон қутбнамои дигарон шавад.
Дӯстат медорам, Тоҷикистони азизам, бо ту ҳаво соф аст, бо ту садо нарм аст, бо ту равон ором аст, бо ту сарам баланд аст, бо ту фардо дорам, бо ту умеду ормон пиёда месозам кишвари зебоманзарам.
Чашм аз тамошои рӯди Нил кандам, ба атроф нигаристам, мардумони зиёде атроф буданд, бахше дарёро тамошо мекарданд, гурӯҳе нишаста суҳбат доштанд, атрофиёнам сӯям нигоҳ карда, чизе мегуфтанд, ман бошам ҳанӯз дар кишвари азизам сайри хаёл доштам. Чӣ ҷозибае дорӣ, Ватан!
Эҳсон МУҲАММАДЮСУФ, донишҷӯйи бахши 4, Донишгоҳи давлатии «Шамс»-и Қоҳираи Миср
Додамонро ба кӣ гӯем?
Мо 29 нафар сокинони деҳаи Кучкаки ноҳияи Конибодом бо охирин умед ин номаро ба шумо навишта, боварӣ дорем, ки адолат барқарор ва мулк ба соҳибони аслиаш баргардонида мешавад. Сухан дар бораи 93 гектар замине меравад, ки онро соли 1994 Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Конибодом бо розигии колхози «Карл Маркс», таҳти № 49 «Оиди ҷудо намудани қитъаи замин ба ширкати «Ватан» барои сохтмони заводи хишт, қанд ва дигар комплексҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ» ҷудо намуда буд. Аз тарафи ширкати номбурда барои 29 нафар коргарони ширкат, аз ҳисоби маблағи моҳона, таҳкурсии биноҳои истиқоматӣ андохта шуд. Ҳамчунин се гектар заминро обёриву сабз намуда, гирди онро бо хишти пухта девор бардошта, боғ ва заводи қандбарорӣ сохтанӣ будем, аммо бо сабабҳои иқтисодӣ ин корҳо нотамом монданд. Барои идомаи сохтмон тули 8 сол мо идора ба идора давидему муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа. Мо бо маслиҳати ҳуқуқшиносон 10-уми декабри соли 2008 ба комиссияи авфи амволи ноҳия муроҷиат намудем, ки посухи моро танҳо баъди шаш моҳ доданд, ки он моро қонеъ мекард, аммо пеш аз гирифтани Шаҳодатнома раиси ноҳияи Конибодом Шамсиддинов Ҳилолиддин қарори соли 1994-ро бекор карда, барои дар ҳамин мавзеъ 3,51 гектар заминро ба 41 нафар ҷудо намудан қарор қабул кард. Замини ҳаққу ҳалоли мо, ки дар он бо арақи ҷабин меҳнат карда, умед доштем, ки мо ва хоҷагиҳои моро мехӯронаду мепӯшонад, бо таҳкурсиҳои тайёраш ба сарватмандон ва шиносҳояшон фурӯхта шуд! Аз ин нафарони соҳиби заминшуда танҳо 14 нафарашон бинои истиқоматӣ бунёд карданду халос. Агар воқеан ҳам эҳтиёҷманд мебуданд, чаро боқимондаҳо тӯли панҷ сол аст, ки заминҳояшонро истифода намебаранд?
Баъди ин ноҳаққӣ мо ба суди ноҳия муроҷиат кардем ва суд ба фоидаи мо — 29 нафар кормандони ширкати «Ватан» қарор қабул кард. Соли 2007 дар асоси аризаи мо барои ташкили хоҷагии «Насиби Қобил», бо қарори раиси шаҳр ва Кумитаи заминсозии шаҳр иҷозат доданд. Аммо, пас аз ҳукми судӣ гирифтани раиси Кумитаи замин прокурори вилоят баъди тафтиш ин қарорро бекор кард. Аъзои хоҷагии мазкур ба Суди иқтисодӣ муроҷиат карданд, ки ҷараёни судӣ якуним сол тӯл кашид. Прокурори ноҳияи Конибодом Сангинов А. моро даъват карда гуфт, ки аризаатонро аз суд гирифта, ба Комиссияи авфи амволи ноҳия муроҷиат намоед ва коратонро давом диҳед. Моҳи декабри соли 2008 мо муроҷиат кардем ва моҳи апрели соли 2009 аризаамон қонеъ гардонида шуд. Тибқи он ба мо Шаҳодатномаи гармхонаи сохтмонаш нотамом дар бораи қонунӣ гардонидани молу мулк таҳти рақами 1225 дода шуд. Бо ҳамин мо нафаси осуда кашида, аз пайи ободиву беҳбудии вазъияти хоҷагии деҳқонӣ шудем. Ду адад гармхона сохта, ба истифода дода шуд. Вале кор бо ин ба анҷом нарасид. Пас аз ҳукми судӣ гирифтани раиси собиқи кумитаи замин З.Ҷӯраев намояндаи прокуратураи вилоят Зафар Қаюмов барои тафтиш омада, ҳамин Шаҳодатномаро беэътибор ҳисобид. Гӯё ин Шаҳодатномаро мо бо роҳи ошнобозӣ гирифта бошем. Ҳол он ки дар зери ин Шаҳодатнома имзои 9 нафар шахсони масъулу ваколатдор гузошта шудааст.
Акнун он 29 таҳкурсиву боз гармхонаву девору боғи сарсабзро, ки аз тарафи мо бунёд ёфта буд, дигарон соҳиб шуда, моро аз мулки қонунии худ берун карда истодаанд!
Тибқи маълумоти ташхисотии Маркази ҷумҳуриявии экспертиза, аз 2 апрели соли 2012, таҳти рақами 20/244 корҳои баанҷомрасонидашуда дар ин мавзеъ 406 000 сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷроиши корҳо дар таҳкурсиҳо 115 000 доллари амрикоӣ масраф шудааст. Ин маблағро киҳо ба мо медиҳанд, ҳанӯз муайян карда нашудааст. Бо вуҷуди ин, аз ба изофа шаҳрванд Турдиев Қобилро, ки се гектар боғ ва ду адад гармхонаро аз ҳисоби худ бунёд карда буд, ҷавобгар бароварда, ба маблағи 6000 сомонӣ ҷарима карданд!
Акнун саволе ба миён меояд, ки агар ин мавзеъ ба фонди захиравӣ дохил шуда, дар он хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардан мамнӯъ бошад, чаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр онро ба мо дод? Ва чаро пас аз гузашти чанд сол таҳкурсиҳои тайёр ва замини ободкардашударо аз мо гирифта, ба дигарон медодаанд?! Фарқ байни мову онҳо дар чист?
Чаро акнун хоҷагии кооперативӣ-истеҳсолӣ ташкил кардан мумкин будааст? Дар ин моҷаро кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст? Дар шаҳри Конибодом ба ҷуз эҷоди дарди сару давонидан аз ин мақомот ба он мақомот коре аз дасташон баромадан нест! Илтимосу хоҳиш мекунем, ки ба доди мо бирасед ва ин масъаларо базудӣ ҳал намоед, зеро мо дигар намедонем сарамонро ба куҷо занему барои тантанаи адолат ба кӣ муроҷиат намоем!
Бо умеди барқарор шудани ҳақиқат ва адолат 29 нафар сокини деҳаи Кучкаки деҳоти ба ноҳияи Р.Ҳамробоеви ноҳияи Конибодом:
Карим Полвонов, Ҷӯрабек Ҳоҷибеков, Нурулло Давронов, Мавлон Ғаффоров, Қобил Турдиев ва дигарон. Ҷамъ 29 имзо.
Арзи деҳқонон ва вокуниши идораҳои масъул
Ба наздикӣ аз номи як гурӯҳ роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Зафаробод дар робита ба мушкилоти қарзии онҳо унвони идораи рӯзнома номае расид. Барои тасдиқи далелҳо ва баррассии масъала нусхаи мактубро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва идораҳои дахлдор равон кардем. Инак, ду мактуби ҷавобӣ омад, ки алҳол манзури хонандагон мегардад. Идораи рӯзнома ин масъаларо пайгирӣ мекунад.
ҶСК «Агроинвестбонк» мактуби шуморо, бинобар норозигӣ аз ҳукми Суди иқтисодии вилояти Суғд, ки аз ҷониби рӯзномаи «Садои мардум» таҳти №12 аз 7-уми марти соли ҷорӣ ба ҶСК «Агроинвестбонк» фиристода шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Новобаста аз зикр нагардидани номи ҶСК «Агроинвестбонк» дар мактуби шикоятии шумо, баъди таҳлили рӯйхати мизоҷони бонк, ки дар мактуб ишора гардидааст, муайян карда шуд, ки на байни хоҷагиҳои шумо ва на байни ташкилотҳои маблағгузор (ҶДММ «Агрофермер», ҶСК «Суғдагросерв» ва «Суғдагротехинвест»), ки бо хоҷагиҳои шумо ҳамкорӣ намудаанд, дар солҳои номбаршуда бо ҶСК «Агроинвестбонк» ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасида, муносибати қарзӣ сурат нагирифтааст.
Амалиётҳо байни хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ташкилотҳои маблағгузор, ки дар асоси шартномаҳои дуҷониба амалӣ гардидааст, бояд тибқи шартҳои шартномаи боимзорасида ҳал гардад. Аз ин лиҳоз, ҳалли қазияи мазкур дар ваколати ҶСК «Агроинвестбонк» намебошад.
С.Ш.Рустамов, раиси ҶСК «Агроинвестбонк»
***
Муроҷиати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ноҳияи Зафаробод, ки онҳо аз қарори Суди иқтисодии вилояти Суғд норозигӣ баён намудаанд, баррасӣ карда шуд.
Хоҷагиҳои деҳқонии мазкур ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қарори Суди иқтисодии вилояти Суғд шикоят намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба қарори суди мазкур ҳуқуқи дахолат карданро надорад.
А. ШИРИНОВ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон