Аз ғамхориҳояшон миннатдорем
Инсон ҳар қадар калонсолтар шавад бештар ба қадри саломатӣ мерасад. Саломатӣ давлати бебаҳост. Ман 76 сол дорам ва давоми ҳаёти худ бисёр бемориҳо ва азобҳоро аз сар гузаронидаам ва ба хулосае омадам, ки одам бояд барои ҳаёт талош варзад. Дар осоишгоҳҳои табобатии «Хоҷа обигарм», «Зумрад», «Обигарм», «Явроз», «Шоҳамбарӣ» пайи шифои бемориҳоям шудаам, аммо натиҷаашро кам эҳсос кардам.
Ахиран ба Маркази саломатии № 4-и ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кардам. Сарвари ин дармонгоҳ Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Нодира Маҳмудова мебошад. Ӯ маро хуш пазируфта, табобатамро ба зиммаи духтури соҳибтаҷриба Таваккалова Хаймагул Амиршоевна вогузор кард. Номбурда дар вуҷуди ман бемориҳои дарди сар ва мигрен, аденомаи ғадуди простата, артрит ва полиартритҳоро, ки дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, зарбхӯрии пайванду буғумҳо, заҳролудшавӣ ва пастшавии моддаҳо пайдо шудаанд, муайян кард. Бо мадади Худо, тавассути табиби дардошно Х. Таваккалова дардҳоям хеле сабук шуданд. Ин бонуи дардошноро дар ноҳияи Фирдавсӣ бисёриҳо мешиносанду эҳтиром мекунанд. Занест наҷиб ва меҳрубону нармгуфтор.
Кош чунин табибони меҳрубон зиёдтар бошанд.
Дастатон дардро набинад, бону Хаймагул!
Саидалӣ ТОҲИРОВ, нафақагир, истиқомат-кунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Вакилон ба мо кумак карданд
Зиндагӣ ҳар лаҳза имтиҳонеро пеш меорад. Беҳтарин давлату сарвати инсон тандурустӣ мебошад. Ҳар шахс орзу дорад, ки умри хешро дар ҳалқаи пайвандонаш сиҳату саломат гузаронад. Мутаассифона, ҳаёт қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки гоҳо моро дардманду рӯҳафтода менамояд. Мисоли ин гуфтаҳоро ман дар зиндагии яке аз пайвандони худ Хуршедҷон, сокини деҳаи Тутғози деҳоти «Птуп»-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ дидам. Ӯ ба бемории сахт мубтало гардид. Барои барқарор кардани саломатиаш маблағи зиёд лозим буд. Мо — пайвандон пайи дарёфти маблағ ва роҳи табобати вай шудем.
Барои сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ кардан ба муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Хайринисо Юсуфӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашӯрова муроҷиат намудем, ки онҳо моро хуб пазироӣ намуда, сарфи назар аз серкориашон, ба мо кумаки бевоситаи худро расониданд. Сад шукри Яздони пок, ки имрӯз Хуршедҷони мо баъди табобати саривақтӣ шифо ёфта, дар ҳалқаи пайвандон қарор дорад.
Мо — пайвандони Хуршедҷон аз фурсати муносиб истифода бурда, тавассути нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» ба вакилони воқеан ҳам мардумӣ Акрамшо Фелалиев, Хайринисо Юсуфӣ ва Гулбаҳор Ашӯрова арзи сипос ва миннатдории худро баён мекунем.
Бо эҳтиром пайвандону наздикони Хуршедҷон-
Д. Девонбеков, О. Пирмамадов, М. Девонбекова, О. Абдулазизова, М. Мамадносирова аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ
Сӯхторнишонҳо сари вақт омаданд
Шаби якуми майи соли равон дар хонаи № 7-и маҳаллаи мо сӯхтор ба амал омад. Инро дида, ман зуд ба идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия занг зада, воқеаро фаҳмондам. Мошини сӯхторнишонӣ бо ҳайати шахсӣ таври фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо бо кумаки сокинони маҳалла оташро сари вақт хомӯш карданд. Дар натиҷаи амалиёти фаврии онҳо хисороти зиёд пешгирӣ карда шуд. Мо, сокинони маҳалла, ба кормандони сӯхторхомӯшкунӣ миннатдорӣ баён менамоем.
Амонулло Гулмирзоев, сокини маҳаллаи ба номи Малика Собироваи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Забон чӣ мегӯяд?
Усули ташхис аз рӯи забон дар илми тиб падидаи маъмул маҳсуб меёбад.
- Агар ранги забон сафеди камранг аст, бидон, ки хун дорои нуқсон аст ва пеш аз ҳама, заъфи хун дар камин аст.
- Агар забон зард аст, нуқсонро бояд дар ҷигар ва талхадон ҷустуҷӯ кунӣ.
- Агар забон обиранг бошад, дил бемор аст.
- Ранги забон моил ба сурхӣ, бояд шуморо хушҳол намояд, зеро нишонаи солим будан аст.
- Агар забон дорои сатҳи суфта ё ҳамвор аст, камии туршӣ дар меъда ва камхуниро нишон медиҳад.
- Забоне, ки сатҳи он дорои нақшаҳои ҷуғрофӣ бошад, нишонаи ҳассосият (аллергия) дар муқобили навъе аз ғизо мебошад.
- Сурхӣ ва пажмурдагии нӯги забон нишонаи бемориҳои рӯда, пешобдон ва бачадон аст.
- Сурхӣ ва пажмурдагӣ дар қисмати мобайнӣ ва паҳлуҳои он нуқсдор будани шушро бозгӯйӣ мекунад.
- Варам ва сурхӣ дар қисмати рости забон аломати газаки ҷигару талхадон буда, чунин ҳолат дар тарафи чапи он аломати бемории сипурз (сияҳлавак) аст. Агар ин нуқтаҳо бар иловаи он чӣ гуфтем, дорои захмчаҳо бошад, нишонаи он аст, ки беморӣ сурати ҷиддӣ ва шакли музминро ба худ гирифтааст.
- Кафидагии забон дар баъзе нуқтаҳо нишонаи газаки меъда (гастрит) аст.
- Кафидагии бисёр ва хушкии забон аломати дарунравӣ, бемории қанд, заифии бадан ё камхунист.
- Аломати нақши дандон дар паҳлуҳои забон ҳал нашудани ғизо дар меъда аст.
- Забони ҳамвор, сурх ва ҷилодор аломати ташаммуи ҷигар (серроз) ва вайронии сатҳи луобии меъда ва рӯда аст.
Доктор Садриддин Ҷалолӣ, шаҳри Душанбе
Ман чӣ кор кунам?
Барои писарчаам аз бозори шаҳри Истаравшан аз фурӯшанда ҷузвдон (портфел), шиму костюм ва куртаи мактабӣ харидорӣ намудам. Вақте ба хона омадем, писарчаам ҷузвдонро маъқул накард. Вақте онро баргардонидан хостам, фурӯшанда нагирифт, ҳол он ки нархи он на чандон арзон – 55 сомонӣ буд. Дар чунин ҳолатҳо мо — харидорон бояд чӣ кор кунем?
Қумрӣ Иззатова, модари се фарзанд аз ноҳияи Ғончӣ
Идораи рӯзнома дар робита ба ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд:
Тибқи моддаи 25 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад давоми чаҳордаҳ рӯзи тақвимии ба ӯ фурӯхтани моли ғайриозуқавӣ, ба шарте ки фурӯшанда муҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷойи харидааш ё ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурӯшанда иваз намояд.
Талаби харидор бобати иваз кардан ё баргардонидани мол бояд қонеъ гардонида шавад, ба шарте ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудааст.
Агар моли ҳаммонанд дар рӯзи ба фурӯшанда муроҷиат намудани истеъмолкунанда дар фурӯш набошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидаашро ба фурӯшанда баргардонда, маблағи барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандон роҷеъ ба поймол гаштани ҳуқуқҳояшон дар мавриди харидории молу маҳсулот, кору хизматрасонӣ ва паҳлуҳои дигари ҳуқуқҳояшон метавонанд ба идораи рӯзнома муроҷиат кунанд. Мо дар ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои шумо посух медиҳем.
Метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 238-58-95; 238-58-91.
Масъули гӯша Б. Каримзода