Яке аз анъанаҳои неке, ки то имрӯз байни сокинони водии Ҳисор боқӣ мондааст, иштироки аҳолӣ дар ҳашарҳои дастаҷамона ба ҳисоб меравад. Имсол низ дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз истиқоматкунандагони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав гулгашту хиёбонҳоро аз партов тоза карданд.
Алалхусус, дар шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода ва деҳоти шафати ин роҳи сатҳи байналмилалӣ кормандони шуъбаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, мутахассисони муассисаҳои манзилию коммуналӣ ҷӯйборҳоро тоза намуда, ба пояи дарахтони ду канори шоҳроҳро сафед карданд.
Дар маҳалҳо сокинон бо истифода аз мусоидии вазъи боду ҳаво дарахту бутта ва гулу ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ шинониданд. Ин амалҳои хайру созанда ба фароҳам овардани фазои муносиб барои истиқболи ҷашни аҷдодӣ мусоидат намуда, идомабахши анъанаи ниёгон маҳсуб мешавад.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»