НАВРӮЗ – МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

433865157_879485657522692_4000314401731883409_nБо ҳамин ном 20-уми марти соли 2024 бо ташаб­буси Мақомоти ­иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон» фестивали байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, меҳмонони хориҷӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Фестивали мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 ва бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардида, мақсади асосии он тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз — ҷаҳонбинии таҳаммулгароӣ, покизагию ворастагӣ, инсондӯстию ваҳдату ҳамдилӣ, инчунин, тараннуми мероси фарҳангию таърихӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, сармоягузорӣ ва дарёфту роҳандозии ташаб­бусҳои созанда дар бахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангию сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ ва маърӯзаҳо зикр гардид, ки бо заҳмату талош ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шуда, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва то имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад. Ин ҷашн некию накӯкорӣ, хуррамию хушҳолӣ ва шодмонию нишотро талқин мекунад, ки бо ин сифат ва хусусиятҳои башардӯстонааш аз ҷониби ­ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»