Наврӯз миёни дигар ҷашнҳои миллию давлатии мо мавқеи хоса дошта, аз бузургтарин идҳои суннатии мардум ба ҳисоб меравад. Хуб огаҳӣ дорем, ки Наврӯзро аз қадимулайём бо шукӯҳу шаҳомоти хоса, чун оғози соли нави аҷдодӣ ва иди зиндашавии табиат ҷашн мегиранд. Асрҳои пеш иди Наврӯзро ҳамқавмони мо аз 4 то 13 рӯз таҷлил мекарданд ва мардум ба истиқболи Наврӯз манзили хеш, кӯчаву деҳро тозаву озода менамуданд, зеро имони комил доштанд, ки файзу баракат ба он ҷое мерезад, ки покизаву озода бошад. Туфайли ин иқдоми нек деҳу деҳкада ва шаҳрҳо обод мешуданд. Бо ибораи дигар, як рукни ин иди бузург ободию ободкорист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Наврӯзи оламафрӯз чунин баҳоро муносиб донистаанд:
«Вақте ки ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст».
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод ҳам ба ҷашнгирии сазовори Наврӯз саъю талош доранд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, ки бо қарори раиси ноҳия тасдиқ шудааст, дар тамоми деҳаҳо корҳои ободонию созандагӣ идома дорад. Комиссияи тадорукоти ҷашн аз зумраи фаъолон ва хизматчиёни давлатӣ интихоб шудааст, ки на танҳо таърихи наврӯзро хуб медонанд, балки барои ҷалби сокинони ноҳия ба ободонию созандагӣ қобилияту истеъдод доранд. Аз оғози моҳи март тоза намудани раставу кӯчаҳо, насби шиору овезаҳо, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кабудизоркунии маҳалҳои зист оғоз ёфтанд.
- Мо бояд чорабиниҳоро бахшида ба иди бузурги аҷдодӣ нисбат ба солҳои гузашта хубтару беҳтар баргузор намоем, зеро ин иди бузург ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст. Бояд ба харҷи беҳуда ва исрофкорӣ роҳ надиҳем, -гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Ализода ва афзуд: – Ин дастури Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сарвари давлат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум чораҳои зарурӣ меандешад ва хуб медонад, ки дар шароите, ки ҷаҳон ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор аст, исрофкорӣ ба зарари ҷомеа аст. Мо барои иҷрои дастури Роҳбари давлат тамоми чораҳоро меандешем.
Бо қарори комиссияи тадорукот барои амалӣ намудани оинҳои миллӣ мо ба аёдати шаҳрвандони бемору барҷомонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои муҳтоҷ меравем. Ба онҳое, ки ба кумак ва дастгирӣ ниёз доранд, кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Дар ин кори хайр на танҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, балки соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонмардони саховатманд низ саҳм мегузоранд.
Баҳори имсола хеле барвақт омад. Инро ба назар гирифта, кишоварзон барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақша кӯшиш мекунанд. То имрӯз беш аз 300 гектар замин барои кишти картошка шудгор шудааст. Кишти ғалладонагиҳо идома дорад. Кишоварзон мехоҳанд, мисли дигар сокинони ноҳия, иди бузурги миллиро бо дастовези сазовор пешвоз гиранд.
Дар маркази деҳот маъракаҳои наврӯзӣ таҳти унвони «Сари соли нав» оғоз шуда, аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ мебошанд. Дар ин самт шуъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. Омӯзгорони соҳибтаҷриба ба сокинони деҳаҳо оид ба таърихи наврӯз, оинҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои кишвари азизамон дар замони истиқлолият маълумоти муфассал медиҳанд. Гӯштигирӣ ҷузъи муҳими барномаҳои наврӯзӣ мебошад.
Чорабинии ҷамъбастӣ дар маркази ноҳия доир мегардад. Дастовардҳои кишоварзон, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешаванд. Ба нақша гирифтем, ки бо дастгирии соҳибкорон дар ин рӯз тӯйи арӯсии панҷ ҷуфт аз оилаҳои камбизоат ва хатнасури 25 писарбачаро аз оилаҳои бепарастор ва камбизоат баргузор намоем.
Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони соҳибистеъдод аз пойтахти мамлакат ва ноҳия идомабахши чорабиниҳои наврӯзии мо мебошад, — гуфт дар хатми суҳбат Ҳусейн Ализода.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»