Чунин буд мавзӯи суҳбати гирди мизе, ки чанде пеш дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон, адибон ва рӯзноманигорон сурат гирифт. Суҳбатро директори марказ Худойбердӣ Холиқназар ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Наврӯз иди комилан миллӣ буда, барои расмӣ ва ҷаҳонӣ намудани он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёд кашидаанд.
- Мо дар замони шӯравӣ, дар давраҳое низ, ки таҷлили Наврӯз манъ буд, онро таҷлил мекардем, — изҳор намуд Х. Холиқназар ва идома бахшид: Имрӯз барои таҷлили Наврӯз чор рӯзи истироҳат ҷудо намудан низ бесабаб нест. Дар гузашта Наврӯз чанд рӯз таҷлил мегардид ва ҳар рӯз ном ва русуму анъанаҳои худро дошт, ки дар оянда онҳо низ бояд зинда карда шаванд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи таърих ва суннатҳои наврӯзӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои ҳастии миллат зинда доштани суннатҳои миллӣ ва Наврӯз аст. — Мо насли хушбахтем, ки эҳёи навини Наврӯзро дидем, — гуфт К. Насрулло ва чанд шеъри ба тозагӣ эҷоднамудаашро чун армуғони наврӯзӣ пешкаши ҳозирин намуд.
Сипас, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Гузел Майтдинова ва муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов оид ба вежагиҳои Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар муаррифии гуманизми миллӣ сухан ронданд.
Н.Низомӣ,
«Садои мардум»