Наврӯзи кишоварзони Истаравшан

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, дар гузашта 30 рӯз ҷашн гирифта, ҳар рӯзи он ба ин ё он қишри ҷомеа бахшида мешудааст.

Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» дар боби «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст» мефармояд, ки «Ва оини Сосонинён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз (ба салтанат) шурӯъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад. Ва рӯзи дуюмро барои деҳқонон, ки қадре мақомашон болотар аз тӯда бувад, ботантана қайд мекард».

Дар ҷои дигар гуфтааст, ки «Ва чун Ҷамшед даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд ва ин идҳоро ба шаш бахш (тақсим) намуданд, панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷаи дуюмро ба ашроф ва панҷаи сеюмро ба ходимону хизматчиёни подшоҳ ва чорумро барои надимону  дарбориён ва панҷаи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашуминро барои барзгарон».

- Дар Истаравшан яке аз маросимҳои аз қадим боқимондаи Наврӯз, ки оғози кишти баҳорӣ ва барои марди деҳқон саршавии корро мефаҳмонад, «Ҷуфтбаророн» ном дошта, он ҳар сол 12 март ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳар деҳа ба худ намуди идона гирифта, сокинони он саҳарии барвақт ба ин маросим мебароянд, — мегӯяд сокини 91- солаи деҳаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти «Сабристон» Набиҷон Мансуров.

Бино ба гуфтаи номбурда, барои гузаронидани ин маросим деҳқонон пешакӣ тайёрӣ мебинанд. Тухмиву олоти кишоварзӣ ва ҷуфти говро омода месозанд ва саҳарии барвақт куҳансолтарин сокини деҳа бо фотеҳаи пирони кор тухми умедро ба замин мепошад. Ҳамин тавр, кишти баҳорӣ оғоз мешавад, мардум ба шудгор кардани замину кишту шинонидани ниҳолҳо машғул мешаванд.

- Маросими «Ҷуфтбаророн» дар шаҳру деҳоти Истаравшани бостон имсол 12 март оғоз шуда, то имрӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ  нақшаи умумии кишти баҳориро 53 фоиз иҷро карданд. Аз ҷумла нақшаи кишти баҳории гандум 82 фоиз, ҷав — 65, пиёз — 85, сабзӣ 61 фоиз иҷро шуд. Кишти картошка, полезӣ, зироати хӯроки чорво низ дар хоҷагиҳои хурду калони кишоварзӣ оғоз гардида, кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки 1 апрели соли равон ба анҷом расонанд, — гуфт мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Ёқубҷон Ашӯров.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар шаҳру деҳоти Истаравшан  зиёда аз 132 ҳазор бех ниҳолу қаламчаи гуногун шинонида,  74 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки 55 гектарашро боғ ва 19 гектарашро токзор ташкил медиҳад.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»