Неругоҳи барқи обии «Оқсу-1» аз нав ба кор даромад. Назар ба қавли сардори КЭМ-и Мурғоб Исмоил Шогунов пас аз бист рӯзи қатъи фаъолият агрегати якум ба кор даромад ва баъди чанд муддати дигар агрегати дувум низ фаъол мегардад.
Обхезии рӯзҳои аввали моҳи август сарбанди ҳавзи танзими оби неругоҳро шуста, маҷрои дарёро дигар намуд ва НБО «Оқсу-1» пурра аз фаъолият бозмонд. Мутахассисони ширкати хориҷии суғуртавӣ, ки ҷойи офати табииро диданд, ҳаҷми зарари аз обхезӣ ба неругоҳ расидаро 70 ҳазор доллари ИМА муайян намуданд.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба ҷараёни корҳои барқарорсозии неругоҳ шинос шуда, дар ҷаласаи сайёри назди раиси вилоят, ки дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб баргузор гардид, ба сардори КЭМ — и Мурғоб супориш дод, ки неругоҳро дар рӯзҳои наздиктарин ба кор дароранд. Зикр гардид, ки бебарқӣ ҳаёти сокинони маркази ноҳияро мушкил сохтааст. Ҳоло нархи бастаи терескен, ки базӯр барои як ҳафтаи пухтупаз мерасад, дар бозор ба 18 сомонӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Оқсу-1» дар даврони собиқ шӯравӣ сохта шуда, ду агрегати он якҷоя 720 киловатт барқ истеҳсол мекард. Бинобар хурдашавии агрегатҳо ва тарқишҳо пайдо кардани канали обгузар иқтидори тавлидотии неругоҳ бамаротиб коҳиш ёфта, дар фасли тобистон ҳамагӣ то 340 киловатт ва дар фасли зимистон то 160 киловатт барқ медод.
Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми фурӯши қувваи барқи Неругоҳи барқи обии «Оқсу — 1» ба корхонаву муассисаҳо ва сокинони маркази ноҳия 61 ҳазору 711 сомониро ташкил додааст. Аҳолӣ аз ин неругоҳ дар фасли тобистон то 18 ва фасли зимистон аз 8 то 14 соат барқ мегирифт.
Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия қарор дода шудааст, ки НБО «Оқсу — 1» пурра навсозӣ шавад ва иқтидори ду агрегати онро барои истеҳсоли 800 киловатт барқ мутобиқ кунанд. Ба ин мақсад ҷониби Германия зиёда аз 5 миллион евро ҷудо намудааст ва интизор меравад, ки таҷдиди неругоҳ моҳҳои наздик шурӯъ шавад.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»