Неъмати бузург дар сарнавишти миллат

№121 (3422) 09.09.2015

DSC_0262

«Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замонҳо, дар ҷое бо силоҳу сипоҳ, дар ҷое бо зиракию ҳусни тадбир, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо ҳидояту панду ҳикмат ва дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳатто талошу пайкори беш аз сисолаи Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ буда, бо тасвири таърихи пурифтихори силсилаи подшоҳони Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён шукӯҳу шаҳомати фарҳанги қадима ва оини   давлатдории ниёгони моро фузуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва сафшиканони истилогарро бо тамаддуни чандинҳазорсолаи гузаштагони мо ошно намуда, миллати моро аз хатари парокандагиву нобудшавӣ раҳонид».

Эмомалӣ РАҲМОН, «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун офтобест, ки ба ҷомеаи навин нуру зиё мебахшад ва таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ормони миллии наслҳову асрҳо буда, ниёгони мо, тоҷикон, чун ҳама халқҳои бостонӣ бо ҷасорату матонат ҳамеша барои озодӣ талош намудаанд.

Ҳанӯз дар замонҳои қадим барои муқовимат бо истилогарон ҳазорон меҳанпарастон атрофи Спитамени далер ва дигар фардҳои ҷасур гирд омада, бар зидди Искандари Мақдунӣ ҷангидаанд. Мардуми тоҷик дар давоми беш аз якуним аср аҷнабиёни римию юнониро ба худ бегона ҳисобиданд ва дину забону фарҳанги худро нигоҳ доштанд. Баръакси ҳол, юнониҳо дар Бохтару Суғд бисёр дастовардҳои тамаддуни волои ориёиро пазируфтанд ва қабул карданд.

Дар таърихи ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути талошҳои фарзандони фарзонаи халқ Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо нафари дигар давлату давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ ташаккул ёфт. Сарфи назар аз тақсимоти беадолатонаи марзӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи халқиятҳои тоҷиктабори кишварҳои ҳамсоя, барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои куҳани таърихӣ ва ташаккули шакли нави давлату давлатдории онҳо мусоидат намуд. Комёбиҳо дар бахши иқтисод, илм ва фарҳанг истиқлолияти тоҷиконро қавитар мегардонд. Шоирон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, аҳли ҳунару варзиш номи миллати тоҷикро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

Соли 1991 бо пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ ҳама ҷумҳуриҳои он соҳиби истиқлолият шуданд. Соҳибихтиёрии миллии халқи мо, ки баъди чандин садсола  ба даст омад, дар таърихи халқи тоҷик назир надорад.  Аз ин рӯ, 9-уми сентябри соли 1991- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик барои ҳазорсолаҳо бо хатти заррин сабт гардид. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи мо дар саросари ҷаҳон шинохта шуд ва бо роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар дар самти сиёсат, иқтисод, илму фарҳангу варзиш иқдоми устувор гузошта шуд.

Тавре ки маълум аст, баробари расидан ба ин неъмати бузург бо кумаки «дӯстонамон» аз  хориҷи кишвар ба сари халқи мо ҷанги бародаркуш бор гардид ва пас аз ним соли расидан ба истиқлолият, ҷумҳурӣ ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд. Бар асари ин фитнаҳо даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд, мутахассисони зиёд ҷумҳуриро тарк намуданд. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардошта шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи моро таҳдид менамуд. Хушбахтона, хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо алайҳи барангезандагони низоъ боло  гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сиёсматмадорони варзидаи тоҷик ба сари қудрат омаданд ва зина ба зина мушкилоти мавҷударо ҳал намуданд. Азму субот ва матонату ҷасорати Сарвари навро истиқбол гирифта, халқ ӯро Президенти худ интихоб намуд. Ҳама неруҳои некхоҳи миллат дар атрофи ӯ гирд омада, соли 1997 ба сулҳу ваҳдати миллӣ расиданд ва барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуданд.

Моҳияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта шуд. Сохтори бар асари ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқарор гашт. Ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати дунё ба расмият шинохтааст. Тоҷикистон бо эътирофи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр созишномаҳои дигари байналмилалӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ  месозад.  Бо талошҳои пайгиронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ таъмин гашт ва ба рушди афзалиятноки саноат, густариши сармоягузорӣ, соҳибкории хурду миёна мусоидат намуд.

Истиқлолият маънои соҳиби озодии мутлақ ва мухтор буданро дорад. Ҳар миллате, ки аз ин неъмати бузург бархӯрдор аст, дар муайян кардани сарнавишти хеш соҳибихтиёр мебошад. Қабули Конститутсияи нав ба таҳияи санадҳои қонунгузории сифатан нави ҷавобгӯи талаботи меъёри байналмилалӣ мусоидат намуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул гардиданд. Тибқи қонунгузории нав ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон, риояи қонун ва таъмини адолат вазифаи аввалиндараҷаи давлат маҳсуб меёбад.

Тӯли солҳои истиқлолият дар сохтори судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналмилалӣ мутобиқ гашта, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам карда шуд. Барои таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо ва амалӣ кардани адолати судӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид.

Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) чунин таъкид доштанд: «Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид». Амалӣ намудани ин тадбирҳо айни замон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши назаррас гузошта истодааст. Тоҷикистон акнун ҳамчун узви мустақил ва фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ташаббусҳои нек баромад менамояд. Аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Сарвари давлати мо – соли 2003-ро эълон кардани «Соли байналмилалии  оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» аз ҷониби кишварҳои дигар дастгирӣ ёфтани пешниҳод дар бораи сиёсати дарҳои кушода, раҳоии минтақа аз бунбасти коммуникатсионию энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва пулҳои нав, роҳҳои нави оҳану мошингард, нақбҳои нақлиётӣ ва ғайра далели ин падидаи нек ва истиқлолияти кишвари мо мебошад.

Яке аз самтҳои дигари муваффақонаи замони Истиқлолият зинда кардани мероси фарҳангӣ ва расму оинҳои миллӣ аст. Суннатҳои миллӣ эҳё шуданд, забони тоҷикӣ асолати худро пайдо намуд, коргузории расмӣ бо забони давлатӣ сурат гирифт. Дар баробари эҳтироми анъанаву суннатҳои миллӣ Тоҷикистон ба арзишҳои маънавии умумибашарӣ низ ҳамеша арҷгузор аст, ки ин ҳама аз файзи Истиқлолият ба даст омад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи талошу муборизаи ниёгони мо дар тӯли асрҳои зиёд ва ҳамзамонони пирӯзи мо буда, чун иди умумихалқӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Расулзода Нуриддин Ғаффор, муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон