Ҳар сол чун шабу рӯзи баргузории иҷлосияи тақдирсози миллат фаро мерасад, ба хотири ман вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ, №126 Толиб Комилов меояд.
Ба ҳама маълум, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1990 дар асоси демократӣ баргузор шуд. Аз як ҳавза чанд номзад барои интихоб шудан кӯшиш мекарданд. Чун вазъи кишвар ҳолати ногувор дошт, мардум бештар ба он номзад эътимод мекарданд, ки ба қавле, аз дасташ ягон кор меомад.
Ба фикри ман, сабаби сазовори боварии мардум гардидани акаи Толиб аввал дар вазифа — раиси совхози «Съезди ХXII партия» буданаш буд, дуюм, хизмати софдилона ва ба таври арзанда пеш бурдани кори хоҷагӣ, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзо дар вилояти Суғд аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд.
Ёд дорам, боре дар як суҳбат чун сухан аз боби пешбурди кор рафт, зиндаёд Толиб Комилов гуфт:
-Падарам ба ман насиҳат кардаанд, ки «кӯшиш кун, зиндагиат аз аъзои совхоз болотар набошад. Ҳатто биное, ки месозӣ, девораш набояд аз коргари совхоз баланд бошад. Дар акси ҳол мегӯянд: раис аз ҳисоби даромади меҳнати мо хонаашро обод кардааст. Некнафс бош. Ба моли раият дасти таҷовуз дароз накун. Аз хотир набарор, ки ту ҳам як тан узви ҳамин совхозӣ. Фарқи ту аз дигарон ин аст, ки аъзои хоҷагӣ ба ту кори роҳбариро бовар кардаанд. Дуюм, ҳамеша кӯшиш кун, шиками коргарони совхоз сер бошад. Дар акси ҳол онҳо андешаи зудтар корро анҷом дода ё аз нисфи рӯз бо роҳи фиреб паи даромади дигар мешаванд. Зеро ба ин маҷбуранд». Ана, аз рӯи ҳамин панди падар 12 сол аст, ки дар кори роҳбариам…
Боиси тазаккур аст, ки Толиб Комилов барои хизматҳои шоён ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо ордени «Нишони фахрӣ» қадршиносӣ шуд.
Ман он солҳо дар соҳаи савдо кор мекардам. Медидам, ки чӣ тавр аъзои совхоз сарҷамъона ба кори саҳро мебаромаданд. Хусусан, ҳосили фаровони мевагиҳо — ангуру себу нок ва полезӣ дилҳоро лабрези фараҳ мекард.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардум асосан аз норасоии нон азият мекашид, бо ташаббуси Толиб Комилов масоҳати замини кишти гандум дар ноҳия зиёд гардид. Идораи хоҷагӣ дар шафати роҳ буд. Ҳар субҳ чун ба кор меомадам, медидам, ки даҳҳо нафар одам дар даст халта барои гандум дар қабули раиси хоҷагӣ навбат мепоиданд. Касе ноумед намерафт. Гандуми анбор аз рӯи меъёр ба мардум дода мешуд.
Шукр, ки он рӯзҳои вазнин гузаштанд. Ба шарофати баргузории иҷлосияи тақдирсоз ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ба рӯзҳои сериву фаровонӣ расидем. Тирамоҳи соли 2008 корвони умри Толиб Комилов дар синни 67 ба манзили охират расида бошад ҳам, хизматҳои шоиставу некӣ ва дастгириҳояш дар дилу дида ва ёди мардум абадан боқӣ мондаанд. Ёдаш ба хайр!
Ҳамроқул ҚӮЛДОШЕВ,
сокини ноҳияи Деваштич