Ӯро нашинохтам. Хеле пир шудааст. Қомати замоне ба сони сарваш имрӯз зери бори вазнини пирӣ хамида. Риши кӯтоҳи сафедаш ба рӯи кулчаву нурониаш зебида. Бо сари хам оҳиста — оҳиста ҷониби беморхонаи марказии ноҳия қадам мемонд. Хеле озурдахотиру парешон буд. Даме ки аз наздам мегузашт, ӯро шинохтам: Муҳаббат Давлатов. Марде, ки умри худро сарфи хизмати мардум кардааст. Бидуни ихтиёр даст ба китфаш бурдам ва садо кардам.
Пирамард ҷониби ман рӯй гардонд. Шояд ибтидо ӯ низ маро бо як нигоҳ нашинохт.
- Саломат ҳастӣ, акаи Муҳаббат, — изтиробамро боазоб фурӯ нишонда гуфтам.
- Ман…
Дар лабони ӯ табассум ҳувайдо мешавад. Гиреҳи абрӯвонаш кушода мегардад. Дасти лоғари сермӯяшро тарафам дароз мекунад.
- Саломат ҳастӣ, додар. Хешу табор хубанд. Мардуми деҳа чӣ ҳол доранд? Узр, туро надидам.
- Ҳама саломатанд. Деҳа обод асту мардум пайи зиндагии худ.
- Муддатест, ки ният дорам ба деҳаи шумо равам. Як — ду рӯз меҳмон шавам. Ба арвоҳи намакхӯрдаҳо фотеҳа хонам. Ҳеҷ не, ки амалӣ шавад. Рӯзгор, бемориҳо, пирию дармондагӣ…
Пирамард як-як аз мардони маъруфи деҳа ном мегирад. Аз ҳолу аҳволашон мепурсад ва хоҳиш мекунад, ки саломи ӯро ба онҳо расонам. Маро ба деҳаи худ даъват мекунад, ки ягон рӯз меҳмони хонадонаш шавам.
Баъд узр мепурсаду роҳашро идома медиҳад ва нигоҳи андешаманди ман дунболи ӯ медавад…
Соли 1974 буд. Масъулин ба хулоса омаданд, ки дар минтақаи кӯҳистони кишвар хоҷагии зотпарварӣ ташкил кунанд. Зоти ғуноҷинҳои маҳаллӣ ба талаботи рӯз ҷавоб намегуфт. Вазъи хоҷагии Нимичро омӯхтанд. Роҳбарони ноҳия ҳамин деҳаро пешниҳод карданд. Аз маркази ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи чорводорӣ омаданд. Фермаҳоро дида, анборҳоро ба ҳисоб гирифтанд, заминҳои обиро андоза карданд, мутахассисонро санҷиданд.
Оғози соли нав хоҷагии зотпарварӣ ташкил шуд ва роҳбарияти ноҳия вазифаи сарварии хоҷагии навташкилро ба зиммаи Муҳаббат Давлатов гузошт. Хоҷагие, ки барои чорводорони ноҳияи Ғарм (Рашт) ва навоҳии ҳамсоя ғуноҷинҳои зотиро парвариш мекард.
Баъди як ҳафтаи ба кор омадан Муҳаббат Давлатов ба деҳаи Нимич оилаашро овард. Рафтуомади ҳамсояҳо оғоз ёфт. Занҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаи раис меомаданд. Зани раиси навро дидан мехостанд. Баъди суҳбат байни худ аз дидаву мушоҳидаҳо хулоса мебароварданд. Мегуфтанд, ки ҳамсари раис — апаи Зулайхо ҷавонзани боақлу хушахлоқ будааст.
Муҳаббат Давлатов он даврон як ҷавонмарди қоматбаланд, чорпаҳлу ва чусту чолок буд. Ба ҳама кор вақт меёфт. Лаҳзае, ки аз кор фориғ мешуд, аз аҳволи беморони бистарӣ хабар мегирифт. Ба бепарасторон қадри имкон кумак мерасонд.
Панҷ сол ба хоҷагии зотпарварӣ сарварӣ кард. Зоти навро аз Федератсияи Русия ва Украина меоварданд. Баъдтар дар фермаи хоҷагӣ зотҳои нав аз мамолики дигар низ пайдо шуд. Хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯши чорво даромади хуб мегирифт. Дар деҳа боғҳои нав бунёд гардиданд. Давроне буд, ки себу ноки ин гӯшаи зебои Ватан дар кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Картошка ва ғалла ҳам кишт мекарданд. Соли 1978 хоҷагӣ дар ҷумҳурӣ ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ шуд.
Соли 1979 Муҳаббат Давлатовро ба кори дигар гузарониданд. Аҳли оилаашро ба зодгоҳаш — деҳаи Шулонак бурд, аммо бо мардуми деҳаи Нимич рафтуомад доштанд. Мисле ки хешутабор бошанд.
Дар оилаи ӯ чор фарзанд ба воя расид: як писару се духтар. Падару модар барои онҳо як хел шароит фароҳам оварданд. Писари акаи Муҳаббат Шоҳин орзу дошт, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон идома диҳад. Касби падарро мерос гирифтанӣ буд, аммо дар кишвар нобасомониҳо оғоз ёфт. Шароит дигар шуд. Иқтисод рӯ ба таназзул овард. Аз хурд то калон пайи дарёфти бурдаи нон буданд. Шоҳин қатори ҷавонони навраси деҳа ба муҳоҷират рафт. Намехост, ки аҳли оила дар ин шароити душвор муҳтоҷи дари хонаи касе бошанд.
Духтарҳо мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд. Онҳо ҳанӯз айёми мактабхонӣ бо ахлоқи ҳамидаи худ барои ҳамсолон намунаи ибрат буданд.
Баъди ором гирифтани авзоъ дар кишвар духтари калонӣ — Ҷавоҳир аз падар хоҳиш кард, ки барои идомаи таҳсил ба вай иҷозат диҳад. Аз нияти хайри духтараш хурсанд шуд. Ҷавоҳир ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ дохил шуд.
Ҷавоҳир баъди хатми донишгоҳ бо тавсияи устодони хеш ба аспирантура ҳуҷҷат супорид. Баъди супоридани имтиҳонҳо муддати се сол таҳсил кард. Бо роҳхат ба ноҳияи Рашт омад.
Соли 2014 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ӯро барои кор даъват кард. Ҳоло дар вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Қалъаи сурх» — калонтарин деҳоти ноҳия кор мекунад.
Таҳмина ва Меҳрафрӯз касби духтуриро писандиданд ва баъди хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар хизмати сокинони ноҳия мебошанд.
- Қандата зан, Муҳаббатшоҳ, — дар омади гап гуфт шиносе, ки чанд сол пеш ба ӯ эрод гирифта буд. -Як рӯз набераам бемор шуд. Меҳрафрӯз омаду табобат кард. Шукр, ки шифо ёфт.
Имрӯз дар ҳудуди деҳоти «Қалъаи сурх» хурду калон аҳли ин хонаводаро эҳтиром мекунанд. Акаи Муҳаббату апаи Зулайхо мисли солҳои пешин ба якдигар меҳрубону дилсӯзанду аз бахти Худодода шукрона мекунанд. Шукри ободию озодиро.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»